Сейсмограф. Архивное фото

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон заминларза ба миён омад

171
Заминларзае, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст шидати 4,1 балл дошҳтааст

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон заминларзаи шидиддати 4,1 балла ба миён омадааст, иттилоъ додааст Маркази зилзилашиносии Кумитаи илми Вазорати маорифи Қазоқистон.

“Заминларза соати 10:44 (7:44 ба вақти Маскав) ба миён омадааст. Маркази заминҷумбӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон будааст”,- гуфта шудааст дар хабар.

Шиддати заминларза 4,1 баллро ташкил медод.

“Тибқи маълумоти пешакӣ дар ҳоли ҳозир талафоти ҷониву молие ба қайд гирифта нашудааст”, - таъкид намудааст КҲФ Қирғизистон.

171
Барчаспҳо:
марз, Қирғизистон, заминларза, заминҷунбӣ