Ёдгор Файзов, акс аз бойгонӣ

Намоз бо ҷамоат, пиёда ба кор: 6 хислати хоси раиси ВМКБ дар 5 моҳи роҳбарӣ - акс

6968
Бархе аз сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар моҳи 5-уми фаъолияти Ёдгор Файзов, роҳбари нави вилоят 6 хислати фарқкунандаи ӯро аз ҳамтоёни дигараш муайян кардаанд

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Файзов, ки аз 1 октябри соли 2018 инҷониб дар мақоми роҳбари ВМКБ кор мекунад, намозашро дар ҷамоатхона ҳамроҳ бо мардум мегузорад.

Музаффар Имомдод, аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, аз хислатҳои хоси дигари раиси ВМКБ-ро дар бисёри ҳолатҳо пиёда ба кор рафтани ӯ гуфт. Вай афзуд, Файзов аз хидмати муҳофиз истифода намебарад ва истифодаи шишаҳои сиёҳро низ дар мошинаш рад кардааст.

Ин дар ҳолест, ки  мақомоти Тоҷикистон истифодаи ғайриқонунии шишаҳои сиёҳ дар мошинҳоро аз мушкилоти умда дар ВМКБ арзёбӣ мекарданд.

Дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон низ қабл аз ҳама афроди солхӯрда ва сокинони навоҳии дурдастро қабул мекунад. Тавре аз Ҳукумати ВМКБ қаблан ба Sputnik иттилоъ доданд, Файзов супориш додааст, ки корафтодагон аз навоҳии дурдаст ҳамарӯза қабул карда шаванд ва интизори рӯзи расмии қабули шаҳрвандон намонанд.

Хислатҳои мазкури Файзовро дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо нафар тасдиқ карда, ҳазорҳо нафар писандидаанд. Инчунин зикр шудааст, ки раиси ВМКБ дар корҳои ҷамъиятӣ низ аксаран бевосита худаш иштирок мекунад.

Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи Ҳукумати ВМКБ дар саҳифаи фейсбукияш аксҳои барфрӯбии Ёдгор Файзов ва мансабдорони дигарро аз боми маҷмааи варзишии Хоруғ дар саҳифааш нашр кард.

 

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни таъини раёсати нави ВМКБ дастур дода буд, ки бо мардум наздик бошанду якҷоя кор кунанд. Гуруҳе аз шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ Файзовро намунаи ибрати хоксорӣ ва наздикии як мансабдор ба мардум медонанд.

Худи Ёдгор Файзов ахиран дар ҷаласаи машваратии мақомдорон дар ВМКБ гуфт, агар мансабдорон имкони ҳалли мушкили мардумро надошта бошанд, набояд фиреб диҳанду идора ба идора саргардон кунанд.

Ӯ роҳбаронро муваззаф кард, ки зимни қабул бояд ба шаҳрвандон ҷавоби дақиқу асоснок диҳанд.

“Мутаассифона мақомотҳои маҳаллӣ имкони иҷрои дархостҳои зиёди мардумро надоранд. Бинобар ин мо бояд ҳақиқатро рӯирост ба мардум бигӯем ва халқро бардурӯғ умедвор ва идора ба идора саргардон накунем”, - изҳор дошт раиси ВМКБ.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ худи раиси вилоят ҳар ҳафта то 100 корафтодаро қабул мекунад. Ба иттилои манбаъ, аксари муроҷиатҳо ба масъалаҳои камбуди манзили зист, таъмин бо ҷойи кор ва кумаки молиявӣ рабт доранд.

6968