Душанбе, архивное фото

Наҷоти зани 45-сола дар Душанбе, ки мехост даст ба худкушӣ занад

321
(Таҷдидшуда 17:42 18.02.2019)
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон зани 45-солаеро наҷот доданд, ки мехостааст худкушӣ кунад

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда зане 45-соларо, ки бо сабабҳои номаълум худро ба дарёи Душанбе партофт, наҷот доданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст. 

Манбаъ таъкид намудааст, ки агар наҷотдиҳандагон сари вақт намерасиданд, оби сарди хурӯшон вайро нобуд мекард.

“18 феврали соли равон ба қисми навбатдории дастаи вокуниши сареъи шаҳри Душанбе хабар расид, ки зани ҷавоне худро дар ҳамин ҳавои сард ба дарёи Душанбе ҳаво дод. Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва  ин зани ҷавонро аз гирдоби оби сард берун оварданд. Маълум гардид, ки вай сокини шаҳри Душанбе буда, 45 сол доштааст”, - таъкид намудааст манбаъ. 

Кумита қайд намудааст, ки то омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ”, наҷотдиҳандагон ба ин зан кумакҳои аввалияи тиббиро расонданд ва баъди он ба бемористон интиқол доданд.

321
Барчаспҳо:
наҷот, худкушӣ, худкушӣ, пойтахт, Душанбе, дарё, зан, душанбе, наҷотдиҳӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Тоҷикистон
Панорама города Худжанд, архивное фото

Дастури шаҳрдори Хуҷанд барои ошкорсозии "бениқобон": гигиенаву масофа риоя намешавад

14
(Таҷдидшуда 11:03 10.08.2020)
Масъулони ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо баргузории ҷаласа манбаъи паҳншавӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз бемории вируси коронаро мавриди баррасӣ қарор додаанд

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии ҳукумати Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни кори ҷаласа масъулини шаҳр мавридҳои сироятёбӣ ва мубориза бо бемории коронавируси навъи COVID-19 ро таҳқиқ намудаанд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси Хуҷанд гуфтааст, ки мушоҳида мешавад, ки аз ҷониби баъзе шаҳрвандон талаботҳои беҳдоштӣ риоя намегардад ва ин омил ба афзоиши хуруҷи беморӣ бе таъсир намемонад.

“Бозору ҷойҳои истироҳатӣ ва тўю маъракаҳо аз манбаъҳои паҳншавии беморӣ ба шумор мераванд. Бо вуҷуди муайян шудани талаботи беҳдоштӣ мутаасифона аз ҷониби шаҳрвандон гигиенаи ҷамъиятӣ бастани ниқол риояи масофаи иҷтимоӣ аслан риоя карда намешавад”, гуфтааст Нуруллозода.

Маъруф Муҳаммадзода, раиси Хуҷанд ва сардори Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар аъзоёни ҷаласа дастур додааст, ки дар бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ рейд гузаронанд ва ҳолатҳои риоя нашудани тавсияҳои беҳдоштӣ аз сӯи сокинонро ошкор намоянд.
Ахиран Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10 июн ба моддаи 207 – и Кодекси ҷиноӣ (вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ), моддаҳои 112 (риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ) ва 113 (риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия) – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ як қатор тағйиру иловаҳо ворид намуда ҷавобгарӣ аз рӯи ин моддаҳои қонунро шадидтар намуд.

Аз ҷумла дар қисми қисми 1 и моддаи 113 бе ниқоб ҳузур доштанд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шароити буруз ва густариши маризиҳои ба одам хатарнок ё замони иҷрои тадобири қарантинӣ ҷарима дар ҳаҷми аз ду то панҷ нишондиҳанда барои хисобҳо, мутаносибан 116 то 290 сомонӣ таъйин шудааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегуянд, ҳоло ин моддаҳо тоза ба қонун ҳамроҳ шудаанд ва аз ин хотир корҳои тарғиботӣ мебаранд, то мардум моҳияти қонунро дуруст дарк кунанд, дар акси ҳол барои риоя накардани ин бандҳои қонун татбиқи ҷазо ногузир аст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон бегоҳии дирӯз 9 уми август омори тозаи сироятёбӣ, табобат ва фавт аз бемории COVID-19 ро ироа кард.

Ба иттилоъи ин ниҳод дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави беморӣ дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин маризӣ ба 7785 нафар баробар то ин сана 6573 (84,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, дар пайи хуруҷи он то имрӯз 62 нафар фавтидаанд.

14
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Строительство нового дома в Душанбе

Ҳалокати ҷавони 23 сола бар асари чаппашавии крани сохтмонӣ дар Душанбе

131
(Таҷдидшуда 10:40 10.08.2020)
Дар пайи чаппашавии крани борбардори сохтмонӣ дар бинои навсохте, воқеъ кӯча Сурхоби пойтахт як нафар ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса шоми шанбеи гузашта сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, крани сохтмонии баландиаш 35 метр, ки дар сохтмони яке аз биноҳои баландошёна воқеъ дар кӯчаи Сурхоби пойтахт буд, ба болои се бинои истиқоматӣ афтидааст.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи ҳодиса ду сохтмончӣ- ҷавони 22 ва 23  ҷароҳат бардошта, аввали дар роҳ ба беморхона ҷон дод.

Гуфта мешавад табибон ҳолати ҷавони дигарии 23 соларо миёна арзёбӣ кардаанд.

Ҳалокати ду муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳангоми чоҳканӣ

Дар пайи чаппашавии кран боми се манзили сокинон зарар дидаву хушбахтона касе аз истиқоматкунандагонаш осеб надидааст.

Барои муаян сохтани сабаби ҳодиса гуруҳи корӣ таҳия шуда, таҳқиқ идома дорад, гуфт манбаъ.

131