Куҳҳои Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Обуҳавошиносон: имрӯз дар Тоҷикистон бориш дар назар нест

99
Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 13-18, инчунин то 22-24 ва рӯзона аз 5-10 то 14-16 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 8-13 дараҷа сард ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, танҳо дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ шабона барф меборад.

“Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш, шабона дар минтақаҳои кӯҳӣ барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 6-11 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад, таъкид кардаанд обуҳавошиносон.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш, шабона 1 – 3 дараҷа сард, рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.

99