Шарофиддин Гадоев

Аризаи афв навишту ба сайругашт рафт: филми омадурафти Гадоев ба идораи милиса - видео

1772
Дар шабакаи интернет филми кӯтоҳе зери унвони “Ихтиёран баргаштани Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон” нашр шудааст

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Дар ин филм лаҳзаи гӯиё ихтиёран ба идораи милиса ҳозир шудани Гадоев ва чигуна ӯ худашро тариқи телефон ба навор мегирад, сабт шудааст.

Тибқи навори нашргардида, Гадоев дари идораи шуъбаи милиса дар нақлиётро мекӯбад ва изҳор медорад, ки дар фурудгоҳи Душанбе ба ӯ маслиҳат додаанд, ба ин ниҳод муроҷиат намояд.

Вай дар шуъбаи милиса барои афв ариза навишта, изҳори умед мекунад, ки ин иқдомаш барои баргаштани ҷавонони дигар мусоидат мекунад.

Дар пайи навиштани ариза, Гадоев мегӯяд, ба сайругашт меравад ва ӯро аз идораи милиса гусел мекунанд.

Инчунин дар Ютуб наворе нашр шудааст, ки тибқи он гӯиё Гадоев худаш лаҳзаи то дари идораи милиса ҳозир шуданро тариқи телефон ба навор гирифтааст.

Шарофиддин Гадоев аз фаъолони мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷи кишвар буд, ки ба иттилои ВУД Тоҷикистон ихтиёран ба Ватан баргаштааст.

1772