Сейсмограф, архивное фото

Ду заминҷунбӣ дар наздикии шаҳри Ваҳдат Душанберо такон дод

780
Дар даҳ дақиқа субҳи имрӯз заминҷунбӣ дар наздикии шаҳри Ваҳдат пойтахти Тоҷикистонро такон дод

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Хадамоти геофизикии Академияи улуми Тоҷикистон, дар наздикии шаҳри Ваҳдат ду заминҷунбӣ дар соати 6:25 ва 6:35 ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки маркази заминҷунбӣ 22 ва 19  километри ҷанубу шарқи пойтахт дар минтақаи Ваҳдат сурат гирифтааст.     

Шиддати аввалин заминҷунбӣ  3 балро ташкиллл медод, аммо шиддати дувуми заминҷунбӣ сахттар буд ва тақрибан 4 балро ташкил медод.

Шиддати заминҷунбӣ дар Душанбе 2-3 балла ва 3-4 балро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти пешакӣ дар ҳоли ҳозир талафоти ҷониву молие ба қайд гирифта нашудааст. 

780
Барчаспҳо:
Ваҳдат, 3 балл, душанбе, такон, заминҷунбӣ, Тоҷикистон