Фоҳишахона барои чиниҳо дар Душанбе: асорат ва фурӯши бевазанҳо ошкор шуд - видео

CC0 / Pixabay / Ноги, архивное фото
Ноги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурини Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВУД Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ҳолати ташкили фоҳишахона ва савдои одамон, аз ҷумла бевазанҳои ниёзмандро ошкор кардаанд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, Ван Вен Мин, шаҳрванди 32-солаи Чин ва Увен Данг Ми, зани 29-сола аз  Ветнам,  хонаи боҳашамати рақами 10 дар кӯчаи Шедрини ноҳияи Шоҳмансурро ба иҷора гирифта, онро ба фоҳишахона табдил додаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин ду муттаҳам се бевазан - Тран Май Тиҳитвен, соли таваллудаш 1985, Фан Чуп Тхи Ким, соли таваллудаш 1983 ва Ле Кук Тихиро, ки ҳар се ба ҷои кор эҳтиёҷ доштанд, бо ваъдаи ҷои кори пешхизмат дар ҳудуди Русия тариқи Алмато ба Душанбе овардаанд.

ВУД афзуд, се зани ҷабрдида, ки соҳиби фарзанд будаанду ниёз ба кор доштаанд, 3 декабри 2018 тавассути Алмато ба Душанбе ворид гардиданд.  Ван Вен Мин ва Увен Данг Миро ин ҷавонзанҳоро ба асорати қарзӣ гирифта, дар фоҳишахонаи ташкилкардаашон ба шаҳрвандони Чин мефурӯхтаанд.

Манбаъ афзуд, ташкилкунандагони фоҳишахона шиносномаҳои ҷабрдидаҳоро гирифта, гарчанде дар як хона нигоҳ медоштаанд, иҷозати мулоқоту суҳбат бо ҳамдигарро намедодаанд. ВУД ҳисоб кардааст, ки дар ду моҳ ташкилкунандагон аз истисмори шаҳвонии ҳар кадоми ҷабрдидаҳо 5200 долларӣ фоида ба даст овардаанд.

Феълан Додситонии шаҳри Душанбе алайҳи муттаҳамон барои савдои одамон, ташкили фоҳишахонаю даллагӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот дорад.

Лентаи хабарҳо
0