Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, акс аз бойгонӣ

Раиси ВМКБ дар бораи танқид, пинҳонкорӣ, кӯчи минтақаи озоди иқтисодӣ ба Хоруғ ва ёдгориҳо

2248
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар мулоқот бо рӯзноманигорон дар бораи бекорӣ, танқидҳо, пинҳон накардани мушкилот, кам истифода бурдани замин, кӯчондани минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим ба Хоруғ ва гуфтушунидҳо бо Бонки ҷаҳонӣ барои ҳифзи ёдгориҳо дар вилоят суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Ба гуфтаи раиси ВМКБ, дар замони муосир пинҳон кардани мушкилоти рӯзмарра ва воқеияту ҳақиқат аз мардум ғайриимкон аст. Ӯ зимни нишасти матбуотӣ аз нақши рӯзноманигорон дар ҳаёти ҷомеа тавсиф карда, таъкид намудааст, ки агар маводҳои танқидӣ бидуни тамаъкорӣ, аз рӯи адолату ба таври касбӣ ба хонандаю бинанда ё шунаванда расонида шаванд, он мувофиқи маром хоҳад буд.

Бар асоси гузориши дафтари матбуоти раиси ВМКБ аз ҷараёни нишасти матбуотӣ, Файзов бекорӣ миёни ҷавононро аз мушкилоти доғи рӯз арзёбӣ карда гуфт, ки агар аз рӯи ҳисоботи расмии оморӣ гирем, дар ҳудуди шаҳру навоҳии ВМКБ 6 000 нафар бекор ба қайд гирифта шудааст.

“Вале дар асл бошад ин шумора аз 30 фисад боло аст”, - изҳор доштааст ӯ.

Ба гуфтаи раиси вилоят имрӯз дар идораву сохторҳои маҳаллии давлатӣ 18 ҳазор нафар сокинони вилоят бо ҷои кори доимӣ таъминанд.

“Аммо нисбати ҳамаи бошандагони шаҳру навоҳии бекор, ки қобили меҳнат ҳастанд, албатта ин шумор нокифоя буда, дар ин росто аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ пиёда мегарданд”, - таъкид кардааст ӯ.

Дар мавриди мувофиқи мақсад фаъолият надоштани минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим Ёдгор Файзов изҳор доштааст, ки агарчи аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофиаш он беҳтарин мавзеъ аст, вале бо сабаби идома ёфтани муноқишаҳои дохилӣ дар ҳамсоякишвари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷавбогӯ набудани роҳҳои ноҳия ба талаботи замон ва дигар сабабҳои мавҷуда соли ҷорӣ бо Қарори Ҳукумати кишвар он ба мавзеи Теми шаҳри Хоруғ кӯчонида мешавад.

Таъмини озуқаю хӯроквории дохилӣ низ аз масоили ҳалталаб дар нишаст унвон гашта, раҳбарияти вилоят махсус зикр кардаст, ки агарчи дар вилоят водиҳои Вахону Бартанги ноҳияҳои Ишкошим ва Рӯшон аз манбаҳои асосии кишти ғалладона дар вилоят ба ҳисоб мерафтанд, имрӯз навоҳӣ пурра аз заминҳои корам истифода намекунанд.

Дар бораи ҳифзи ёгориҳои нодири таърихии ВМКБ ва минбаъд аз нестшавӣ эмин нигоҳ доштани он раёсати вилоят изҳор доштааст, ки бинобар камчинии маблағ дар мақомоти иҷроияи вилояту шаҳр ва навоҳӣ масъала ҳалли худро наёфт.

“Лекин дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд соли гузашта, 18 адад ёдгории таърихии вилоят азнавсозӣ ва ҳифз карда шуданд. Ҳозир дар мавриди аз нав барқароркунии Қалъаи Ямчун ва чанд ёдгориҳои дигар бо Бонки ҷаҳонӣ гуфту шунид меравад ва ин масъала давра ба давра ҳалли худро хоҳад ёфт. Аммо мутаассифона ба арзиш ва муҳиммияти ёдгориҳо то ҳол ҳам аксарияти сокинони шаҳру ноҳияҳо сарфаҳм нарафтанд ва дар баъзе мавридҳо худашон онҳоро ба нестӣ мерасонанд”, - илова намудааст Ёдгор Файзов.

2248