Продажа чая, архивное фото

Сифат надорад: Тоҷикистон 18 тонна чойи Ҳиндустонро бозпас гардонд

193
(Таҷдидшуда 13:08 23.02.2019)
Намунаи чойи сиёҳи пешниҳодгардида аз рўи нишондоди сифат (таркиби моддаҳои фаъоли тезҳалшаванда дар об) ба талаботи ҳуҷҷати меъёрӣ – ГОСТ 32573-2013 "Чойи сиёҳ. Шартҳои техникӣ" мутобиқ набудааст

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  воридоти 18 тонна чойи пастсифатро ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешгирӣ намуд. Дар ин бора АМИТ "Ховар" иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, "дар доираи корҳои сертификаткунонӣ дар раванди гузаронидани ташхиси намунаи чойи сиёҳи истеҳсоли Ҳиндустон, ки тибқи санади гирифти намуна ба озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хўроквории дастгоҳи марказии Агентӣ пешниҳод шудааст, муайян карда шуд, ки  намунаи чойи сиёҳи пешниҳодгардида аз рўи нишондоди сифат ба талаботи ҳуҷҷати меъёрӣ – ГОСТ 32573-2013 "Чойи сиёҳ. Шартҳои техникӣ" мутобиқ нест".

"Бо назардошти ин, дар ҳамкорӣ бо намояндагони Хадамоти гумрук миқдори умумии чойи воридгардида, ки 18 000 кг-ро ташкил медод, тибқи низоми "Реэкспорт" аз қаламрави ҷумҳурӣ берун бароварда шуд", - афзудааст манбаъ.

193