Платежный терминал для банковской карты, архивное фото

Роҳандозии Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Тоҷикистон

223
Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиёти рақамӣ қадамҳои  муассир мегузорад

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вобаста ба вусъати корҳо барои татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар заминаи он ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиёти ҷумҳурӣ  ҷаласаи нахустини Гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

Ҷаласаи мазкур бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати кишвар аз 30 янвраи соли 2019 “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” вобаста ба вусъати корҳо барои татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар заминаи он ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиёти ҷумҳурӣ  доир гардид.

Манбаъ афзудааст, ки  Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиёти рақамӣ қадамҳои  муассир мегузорад. Дар ин росто, 21 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини Гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ва вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.

Дар ҷаласа лоиҳаи Консепсияи мазкур муаррифӣ гардидааст.

 

 

 

223
Барчаспҳо:
рақамӣ, корхона, супориш барои таҳияи Консепсияи миллии рушд, Тоҷикистон