Табдил додани манзили истиқоматӣ ба фоҳишахона

© AFP 2023 / STRРаботница коммерческого секса с клиентом, архивное фото
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хонаи ба иҷорагирифтаашро ба фоҳишахона табдил дода, барои анҷом додани алоқаи ҷинсӣ ба шаҳрвандон бар ивази пул шароит муайё мекардааст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ сокини 29-солаи пойтахтро бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умумри дохилаи Тоҷикистон.

Гумонбар, 4-уми феврали соли 2019, хонаи ба иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба шаҳрвандон: марди 24-сола ва зани 30-солаи сокинони шаҳри зикргадида шароит муҳайё намуда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Ин далел мавриди тафтиш қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки вақтҳои охир аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдор чунин ҳолат махсусан дар пойтах зиёд ошкор мегардаднд, ки боиси нигаронӣ мегарданд.

 

Лентаи хабарҳо
0