Руки задержаного в наручниках, архивное фото

ВУД: аз қаллобӣ то дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ аз ҷайб

170
(Таҷдидшуда 14:21 25.02.2019)
Айни замон шахсони тақаллубкор дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати онҳо чораҳои тафтишотӣ идома доранд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як қатор ҷинояткорон ошкор шудаанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Манбаъ афзудааст, ки ба ШВКД дар шаҳри Бохтар, марди 34-солаи сокини ноҳияи Кушониён, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 20-уми феврали соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дохили нуқтаи таъмири автомашинаҳо даромада, аз ҷайби либосҳояш ҷавоҳироти тиллоиашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 12.000-сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-сола ва ноболиғ, писарбаччаи 17-солаи сокинони кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Ба мақомоти милитсия марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лахши минтақаи Рашт, дар он хусус муроҷиат кардааст, ки моҳи феврали соли 2018,

марди 35-солаи сокини ҳамин минтақа бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 32000-сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи зикргардида бо ариза дар он хусус муроҷиат кардааст, ки моҳи ноябри соли 2018, марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ба ҳамин монанд, ба мақомоти милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Ҳисор дар он хусус муроҷиат кардааст, ки моҳи марти соли 2010, марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри мазкур, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 72000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Айни замон шахсони тақаллубкор дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот дар ин самт идома дорад.

170
Барчаспҳо:
дуздӣ, қаллобӣ, ҷиноят, ВКД, Тоҷикистон
Объявление купаться запрещено, архивное фото

Хатарнок: КҲФ ҷойҳои мамнӯъ барои оббозӣ ва истироҳатро нишонгузорӣ мекунад

16
(Таҷдидшуда 17:04 14.07.2020)
Кумитаи ҳоалтҳои фавқулоода ба нишонагузории ҷойҳои мамнӯъ барои оббозӣ ва истироҳат дар соҳилҳо идома медиҳад

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, риоя нашудани одитарин талаботҳо сабабгори ғарқ шудани мардум мегардад.

Дар асоси «Нақша чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъӣ ҳолатҳои фавқулодда» барои соли 2020, вобаста ба мавсими обозии соли 2020, Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ шаҳри Душанбе ва шуъбаи ноҳияи И. Сомонӣ дар соҳилҳои дарёи Душанбе, канали Дереватсионӣ ва кӯли Душанбе пайваста корҳои таблиғотӣ дар мавриди таъмини ҳолатҳои бехатарии шаҳрвандон ҳангоми шиноварӣ ва пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ дар мавсими оббозӣ, гузаронида мешавад.

Наҷоти як кӯдак аз ғарқшавӣ ба марги 11 нафар анҷомид

"Дар айни замон зимни мулоқот бо истироҳаткунандагон маҳалли истироҳату тафреҳгоҳҳо пурра аз назар гузаронида мешаванд ва дар ҷойҳое, ки оббозӣ манъ аст, лавҳа гузошта мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Ғарқшавии ду тан дар дарёи Шоҳдараи ВМКБ : ҷасадҳо то ҳол пайдо нашудааст

Тибқи иттилои манбаъ, пештар ҳам шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи И.Сомонӣ ҳамроҳ бо  шўъбаи ВКД-и ноҳия, Раёсати кор бо маҳаллаҳо ва хизматрасонии фонди манзилию комуналии ноҳия дар ҳудуди маҳаллаҳое, ки каналу дарё наздик аст бо сокинон ва истироҳаткунандагон суҳбатҳо роҳандозӣ кардаанд.

16
Барчаспҳо:
нишона, тақвияти соҳилҳо, Тоҷикистон, КҲФ Тоҷикистон
Дворуц культуры и информационный центр в Бохтаре

Хатлон: номи чанд шаҳраку ҷамоат ва деҳаҳо иваз мешаванд

53
(Таҷдидшуда 17:25 14.07.2020)
Дар ин бора худи сокинони навоҳӣ ва шаҳрҳои мазкур дархост ирсол кардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон 13 лоиҳаи номивазкунии чандеро таъйид кардааст, ки ба наздикӣ тасдиқ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бек Қурбонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора хабар додааст.

Ба гуфтиа раиси кумита, то имрӯз ба кумита 36 дархост аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ворид гардидааст. 

"Дар шаш моҳи аввали сол равон 36 дархост аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои номивазкунии маҳалҳои аҳолинишин ворид гардидааст, ки  аз 24 тои он аз вилояти Хатлон мебошад", - тавзеҳ додааст раиси кумита.

Ба қавли ӯ, дар ин робита, 13 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои пешниҳоднамудаи вазорату идораҳо барои мувофиқа намудан омода гардидааст.

"Ин  лоиҳаҳо  номивазкунии баъзе ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва номгузории баъзе мавзеъҳои ҷуғрофии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб, Сангвор, Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод ва ҳудуди вилояти Хатлонро дар бар мегиранд", - афзудааст вай.

Давоми 18 соли дар Тоҷикистон, 1113 воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, яъне 1 вилоят, 7 шаҳр, 23 ноҳия, 17 шаҳрак, 98 деҳот ва 966 деҳа ном гузошта ё номи онҳо тағйир дода шудаанд.

Номивазкунии  воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ мунтазам ба вуҷуд омада, аз 51 ноҳия, номи 23 ноҳия иваз карда шудааст. Аз ҷумла, 12 адад ба вилояти Хатлон, 2 адад ба вилояти Суғд, 5 адад ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 4 адад ба шаҳри Душанбе тааллуқ доранд.

Шуд: Қӯрғонтеппа расман ба Бохтар номгардон шуд

Аз соли 2000 ба 1113 воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, яъне 1 вилоят, 7 шаҳр, 23 ноҳия, 17 шаҳрак, 98 деҳот ва 966 деҳа ном гузошта ё номи онҳо тағйир дода шудаанд.

Новобаста аз он, ки солҳо аз номивазкунии маҳалҳои гуногун дар Тоҷикистон паси сар шудаанд, сокинони маҳаллӣ то ҳол аз номҳои пештараи онҳо  истифода мекунанд. Масалан, Ленинский район ба ноҳия Рудакӣ тағйири ном кардааст, аммо то имрӯз кам нестанд афроде, ки ин ноҳияро “Ленинский район” ном мебаранд.

53
Пограничный пункт пропуска

Ноамнӣ дар марзи Арманистону Озарбойҷон: фавти генерал ва 11 низомии озар

0
Задухӯрд дар марзи Арманиятону Озарбойҷон давоми се рӯз аст, ки идома дорад. Бар асари ноамниҳо дасти кам 11 низомии озар бо шумули як генерал ҷон аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Арманистону Озарбойҷон ба ҳалокати чандин нафар оварда расонд.

Вазорати дифои Арманистон аз кушта шудани ду афсар дар натиҷаи тирандозӣ аз ҷониби Озарбойҷон хабар дод.

Дар ҳамин ҳол, Боку хабар медиҳад, ки дар натиҷаи задухӯрд як генерал ва 11 низомии онҳо кушта шуданд.

“Ваҷаб ба ваҷаб”: сиёсати пинҳони Қирғизистон дар марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон?

Ёдрас мешавем, муноқиша дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон, рӯзи 12 июл оғоз ёфт ва акнун се рӯз мешавад, ки ноамниҳо дар  ноҳияҳои ҳамсояи Товуз ва Тавуш, ки бо Гурҷистон ҳамсарҳад ҳастанд, идома дорад.

Гуфта мешавад, дар макони тирандозӣ дар наздикии деҳаи Мовсес постгоҳҳои низомӣ ҷойгир шудаанд.

Арманистону Озарбойҷон дар тирандозӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд. Дар робита ба вазъи мавҷуда, созмонҳои байналмилалӣ ва якчанд кишварҳо изҳори нигаронӣ намуда, ҳар ду ҷонибро ба муколама даъват мекунанд.

Русия низ ба ҳар ду ҷониб барои расидан ба сулҳ пешниҳоди кумак намудааст.

0
Барчаспҳо:
ноамнӣ дар наздикии марз, Озарбойҷон, Арманистон