Рустам Эмомалӣ ва муовинонаш, акс аз бойгонӣ

Шаҳрдорӣ гуфт, ҳазорҳо бино дар Душанбе рангубор мешаванд: аз ҳисоби кӣ?

2326
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, 2 ҳазору 245 бино дар пойтахт рангубор карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали раиси шаҳри Душанбе зимни як ҳамоиш дар ҳузури хабарнигорон гуфт, беш аз 2,2 ҳазор бино дар пойтахт рангубор карда мешаванд ва 133 бинои баландошёна бунёд мегарданд.

Зувайдзода гуфт, ин иқдом дар доираи сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ҷалби бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозӣ мегарданд.

Ӯ илова намуд, ки инчунин бахшида ба 30-солагии Истиқлолият дар пойтахт 21 мактаби ҷадид барои 18,5 ҳазор ҷои нишаст ва 74 корхонаи саноатӣ бо 6 ҳазор ҷои корӣ фароҳам хоҳад шуд.

Иқдом барои рангубори биноҳо дар ҳолест, ки сокинони пойтахт мегӯянд, ин маърака аз ҳисоби бошандагони биноҳо амалӣ шуда, баъзан масъулин маблағи зиёд талаб мекунанд.

Қаблан Обиди Шакурзода, сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе изҳор дошта буд, намояндагони Ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ аз ӯ 530 сомонӣ талаб кардаанд. Ӯ гуфт, ҷонибдори ободонӣ аст ва 10 дарсади маошаш - 170 сомониро пешниҳод намудааст, аммо намояндагони ҳукумати ноҳия онро кам хонда, қабул накардаанд. Дар пайи ин масъулин барқи хонаи Шакурзодаро хомӯш кардаанд, ки ба гуфтаи Шакурзода ҷазо барои саркашӣ аз пардохти маблағи талабкардаашон мебошад. Шакурзода ин нуктаро дар як мактуби кушод ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе баён дошта, хостори ҷилавгирӣ аз чунин қазияҳо шуда буд.

2326