Памятник Абуали ибн Сина на новом месте

Бунёди се сохтмон барои ҳавошиносони тоҷик бо арзиши 11,5 миллион доллар

129
(Таҷдидшуда 20:36 25.02.2019)
Ҳадаф аз ин кумак ба хадамоти ҳавошиносии Тоҷикистон ироаи шароити бокайфияти иқлимӣ барои мудирияти захоири обӣ ва коҳиши хатарҳои офатҳои табиии гирду атрофи рӯдхонаи Панҷ мебошад

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар тӯли панҷ сол дар Душанбе се сохтмони нав барои ҳавошиносони кишвар сохта мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “ТоҷикТА”.

Манбаъ афзудааст, ки Бонки осиёии тавсеъа барои сохтусози ду бинои маъмуриятии Хадамоти ҳавошиносии Тоҷикистон ва як бинои 11-ошён барои кормандони ин ниҳод, 11,5 милллион кумаки бебозгашт ихтисос дод. Унвони ин тарҳ “Мудирияти захоири обӣ ва рӯдхонаи Панҷ” ном дорад ва он то поёни соли 2023 анҷом хоҳад ёфт.

Сандуқи сабзи иқлимӣ (GCF) низ барои ин тарҳ 5 миллион доллар ихтисос хоҳад дод.

Ҳадаф аз ин кумак ба хадамоти ҳавошиносии Тоҷикистон ироаи шароити бокайфияти иқлимӣ барои мудирияти захоири обӣ ва коҳиши хатарҳои офатҳои табиии гирду атрофи рӯдхонаи Панҷ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта шӯрои мудирони БОТ барои тамвили изофии ин тарҳ 6,5 миллион кумаки бебозгашт ихтисос дода буд.

129
Барчаспҳо:
бунёдкорӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, сохтмон, Тоҷикистон