Обуҳавошиносон: имрӯз бориш дар назар нест

© © Sputnik / Амир ИсаевПрирода Таджикистана, архивное фото
Природа Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Обуҳавошиносони Тоҷикистон мегӯянд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11-16 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 20-25 то 33- 38 ва рӯзона 11-16 дараҷа сард мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонси обуҳавошиносӣ.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10-15 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйрёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм шуда, рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона аз 7-12 то 12- 17 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа сард шуда, рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0