Асал, акс аз бойгонӣ

Тавлиди асал дар Тоҷикистон зиёд шуд

54
(Таҷдидшуда 16:09 26.02.2019)
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши тавлиди асал дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Соли 2018 дар Тоҷикистон 4,1 ҳазор тонна асал тавлид шуд, гузориш дод ТоҷикТА аз қавли Вазорати кишоварзӣ.

Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли 2018 ҳаҷми тавлиди асал дар муқоиса бо соли 2017 80,3 тонна афзоиш ёфт.

Асали тавлиди Тоҷикистон аз навъи олисифат арзёбӣ мешавад. Тоҷикистон ба Русия, Қазоқистон, АМА ва Афғонистон асал содир мекунад.

54