Угнанный автомобиль Опел-Астра

Боздошти писараки 15-сола ба иттиҳоми рабудани мошин дар Ҳисор

160
Марде ба мақомоти милиса шикоят бурдааст, ки шахсони номаълум вориди манзилаш гардида, автомашинаашро рабудаанд. Мақомот маълум кардаанд, ки мошинро писараки 15-солае дуздидааст

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар Ҳисор писараки 15-солаеро ба иттиҳоми рабудани мошини "Опел-Астра" дастгир кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, марди 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори шаҳри Ҳисор ба мақомоти милиса шикоят бурдааст, ки 25-уми феврали соли равон, тахминан соати 06:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди ҳавлии истиқоматиаш шуда, аз он ҷо автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, ки арзишаш 20.000-сомониро ташкил медиҳад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД дар шаҳри Ҳисор ноболиғ, писарбаччаи 15-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навободи ҳамин шаҳрро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.

Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

160