Город Душанбе, архивное фото

Обуҳавошиносон: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

33
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда, аммо бе бориш пешгӯи мешавад

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15 дараҷа сард  шуда, рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа   гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  аз 22-27 то 33- 38 ва рӯзона аз 5-10 то  13-15  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ   3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва  рӯзона 9-14 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11-16 дараҷа сард шуда,  рӯзона  ҳаво аз 1 дараҷа сард  то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйрёбандаи бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5  ва рӯзона 11-16  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард шуда,  рӯзона 5-10 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм шуда,  рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона аз 6-11 то 12- 17 дараҷа  сард шуда,  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1   дараҷа гарм шуда, рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

33
Барчаспҳо:
бод, ҳаво, об, душанбе, Тоҷикистон