Борон, акс аз бойгонӣ

Обуҳавошиносон боридани боронро пешгӯӣ карданд

166
(Таҷдидшуда 09:29 28.02.2019)
Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ боридани борон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани барф дар назар аст.

“Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11-16 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 23-28 то 33-38 ва рӯзона аз 5-10 то 13-15 дараҷа сард мешавад”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, нимаи дуюми рӯз дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ ба самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон нимаи дуюми рӯз борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард шуда, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, нимаи дуюми рӯз дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм шуда, рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона аз 5-10 то 13- 15 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, нимаи дуюми рӯз борон меборад. Шамол аз самти шарқ ба самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм шуда, рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.

166