Ребенок, архивное фото

Талоши мақомоти шаҳри Хуҷанд ба ҷалби сокинон барои гирифтани фарзанд аз хонаи кӯдакон

264
(Таҷдидшуда 13:41 28.02.2019)
Дар ҷаласаи навбатии комиссия доир ба ҳуқуқи кӯдак дар шаҳри Хуҷанд гирифтани фарзанд аз хонаи кӯдакони шаҳрӣ ва дигар масъалаҳоро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Бино бар иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи навбатии комиссия доир ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид.

Манбаъ зикр намудааст, ки ҷаласаро раиси Комиссияи мазкур, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода оғоз намуда, аъзои комиссияро бо рӯзномаи он ошно намуд.

Дар ҷаласаи мазкур аъзои комиссия доир ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 40 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод.

“Аз ҷумла дар ҷаласаи навбатӣ, масоили шаҳрвандонро доир ба таъин намудани васӣ, барои ба тарбият гирифтани ноболиғон, гирифтани фарзанд аз хонаи кӯдакон шаҳри Хуҷанд, муайян намудани рӯз ва соати муошират бо фарзанд ва ғайраҳоро омӯхта, қарорҳои дахлдор қабул намуданд”, -таъкид намуд манбаъ.

Инчунин, аъзои комиссия доир ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баррасии пешниҳодоти як қатор мақомоти ҳифзи ҳуқуқро доир ба рафтору кирдорҳои ноболиғонро бо иштироки худи онҳо, маъмурияти мактаб ва волидайнашон мавриди баррасӣ қарор доданд.

264
Барчаспҳо:
Хуҷанд, Суғд, фарзандхонӣ, фарзанд, Тоҷикистон