Ошкори камбудиҳо ва муҷозоти мудирони дорухонаҳои ноҳияи Панҷ

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкСотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото
Сотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон зимни санҷиши дорухонаҳои ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон камбудию норасоиҳои гуногун ошкор намудаааст

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон  вобаста ба камбудию норасоиҳое, ки зимни санҷиш дар дорухонаҳои ноҳияи Панҷ ошкор гардиданд, бо мудирони дорухона суҳбат карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, масъулин ба мудирон тавсия доданд, ки дар муҳлати кӯтоҳ камбудиҳои ошкоршударо бартараф намоянд.

Нисбати дорухонаҳое, ки дар онҳо камбудиҳо ошкор шудаанд, санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Ҳамзамон нисбати мудирони ин дорухонаҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Мақомоти Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон бо мақсади пешгирии  вайронкунии қонунҳо дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ бо мутахассисон ва соҳибкорони соҳаи фармасевтӣ ва табибони ноҳияи  Панҷ  вохӯрӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ намояндагони Хадамоти  мазкур   бори дигар масъалаи тағйиру иловаҳоеро, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии Тоҷикистон ворид гардидааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки бо супориши Президенти ҷазо дар самти вайрон намудани қонунгузорӣ вобаста ба воридоти маводи дорувории бесифат, ба талабот ҷавобгӯй набуда ва ба фурӯш баровардани онҳо пурзӯр карда шудааст.

“Аз ин хотир масъулинро зарар аст, ки назоратро дар ин самт бештар намуда, ба сатҳу сифати хизматрасонӣ диққати ҷиддӣ диҳанд”, - таъкид намуджааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0