Борон, акс аз бойгонӣ

Рӯзи аввали баҳор: обуҳавошиносон борон, барф ва меғро пешгӯӣ карданд

288
Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноку борон ва дар бархе минтақаҳо барфрезию фаромадани меғ, ё худ туманро пешгӯӣ кард

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 15-20 то 25- 30 ва рӯзона аз 3-8 то 9-14 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо ҳавои бебориш дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, меғ, ё худ туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона аз 2-7 то 8- 13 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.

288