Ҳамоиш дар бораи гароиши ҷавонони тоҷик ба ҷараёнҳои ифротӣ дар Кумитаи дин

Муҳокимаи гароиши ҷавонони тоҷик ба ҷараёнҳои ифротӣ дар Кумитаи дин

173
(Таҷдидшуда 16:19 01.03.2019)
Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ҳамоише бо иштироки ҷавонон сурат гирифт, ки дар он омилҳои гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik.  Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар мавзӯи “Гароиши ҷавонони тоҷик ба ҷараёнҳои ифротӣ дар дохил ва хориҷи кишвар: заминаҳо, омилҳо ва паёмадҳо” ҷамъомад баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумита.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин ҷамъомад роҳбарияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, кормандони соҳаи дин ва коршиносону ҷомеашиносон иштирок намуданд.

Манбаъ зикр таъкид намудааст, ки дар рафти ҷамъомад доир ба мавзӯоте чун омилҳои гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар кишвар ва дар байни муҳоҷирони кории тоҷик ва роҳҳои пешгирӣ аз ин раванд, нигаҳдории оиладории миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди ифротгароӣ, ба роҳ мондани ҳамкории бештаре миёни мақомоти давлатӣ ва ҷавонон табодули назар сурат гирифт.

“Чун тундагароии ба сӯи терроризм майлдошта, аз зумраи мушкилоти умдаи ҷаҳони имрӯз ва хосатан кишварҳои мусулмонӣ ба шумор меравад, ин зуҳурот, дар ҳар шаклу навъ боиси қафомондагӣ ва садди роҳи рушду тараққии кишварҳост”, - афзуд манбаъ.

Ба ҳимин далел Кумита зарур иштирокдорони ҳамоиш, зарур донистанд, ки манбаъҳои шинохти омилҳои майли ҷавонон ба ифротгароӣ аз ҷониби таҳлилгарони дохилӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, шеваи бархӯрд бо ин зуҳурот мушаххасу дақиқ бошад.

173
Барчаспҳо:
муҳокима, баррасӣ, ифротӣ, эктремистӣ, гурӯҳҳои теруристӣ, кумитаи дин, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон як қатор масъулинро ҷо ба ҷо кард

4
Бо фармонҳои Президент раисони судҳои ВМКБ, шаҳри Норак ва ноҳияи Муъминобод, муовинони раисони судҳои вилояти Хатлон, шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаи мақомоти судӣ таъйин гардиданд.

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ, прокуратура, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президент ва муассисаҳои соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод, гузориш медиҳад дафтари матбуоти президент. 

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони судҳои ВМКБ, шаҳри Норак ва ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, муовинони раисони судҳои вилояти Хатлон, шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаи мақомоти судӣ таъйин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни ноҳияҳои Кӯшониён, Хуросон ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, шаҳри Исфара ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ноҳияи Тоҷикобод ва прокурори гарнизони ҳарбии ноҳияи Рашт таъйин гардиданд.

Тағйироти кадрӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд: сардорони нави МНДСЭ киҳоянд?

Бо қарорҳои Ҳукумат Ҳокимшо Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк", Амирзода Ориф Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддинзода Сайҷамолиддин директори Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб", Давлатқадам Бахтовар, Директори муассисаи таълимии давлатии "Мактаб –интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон"-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Азизӣ Зебуннисо муовини директори муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" таъйин гардиданд.

 

Бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Даврон сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соҳибзода Муҳаммадҷон муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд.

Зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои муҳиму масъулиятнок таъйингардида Сардори давлат таъкид намудааст, ки сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу унсурҳои барои ҷомеа бегона, риояи баробари иҷрои қонуну барномаҳои давлатӣ дар мамлакат равона гардида, барои татбиқи ин ҳадафҳои созанда аз ҳар яки шумо меҳнати софдилона ва фаъолият дар чаҳорчӯбаи талаботи оинномавӣ талаб карда мешавад.

4
Кран

Об манбаи ҳаёт: 20 ҳазор сокини Кӯлоб бо об таъмин мешаванд

13
Тибқи таҳлилҳои мутахассисон ва таҷрибаҳои анҷомдодашуда дар аксар мавзеъҳои шаҳри Кӯлоб бо кандани чоҳҳои амудӣ оби аз ҷиҳати экологӣ тоза ва қобили истеъмол баровардан мумкин аст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар назди Муҷтамаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб 1 адад   чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор дода шуд, гузориш медиҳад "Ховар".

Манбаъ менависад, айни замон  корҳои сохтмонӣ  барои бунёди  7 адад чоҳҳои амудӣ ҷараён дошта, бо анҷоми онҳо наздики 20 ҳазор нафар сокинони шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокӣ пурра таъмин мегарданд.

 

"Бояд гуфт, ки чоҳҳои амудӣ дар нуқтаҳое канда шуда истодаанд, ки ҳар кадом барои ба об таъмин намудани як минтақаи муайяни ҳудуди шаҳр равона карда мешаванд", - менависад манбаъ.

Аз ҷумла, 3 адад чоҳе, ки айни замон дар маҳаллаи Тутои ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод канда шуда истодаанд, барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокии маҳаллаҳои А.Ҷомӣ, С.Вализода, Теболай, Боғи Ҳабиб, Тудакафш, Дӯстӣ ва як қисмати маҳаллаи 1-уми май равона шуда, эҳтиёҷоти 7450 нафар аҳолиро қонеъ мегардонад, афзудааст хабаргузорӣ.

Ширин Исматуллозода боз бо дастури президент ба сафар баромад: ин дафъа ба Кӯлоб рафт

Баъди ба истифода додани  1 адад чоҳи амудӣ дар деҳаи Тудакафш сокинони маҳаллаҳои 11, маҳаллаи 8 ва  А. Ҷомӣ, ки  3506 нафар аҳолиро дар бар мегиранд, бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд.

 1 адад чоҳи амудие, ки  дар назди собиқ таваллудхонаи вилоятӣ сохта мешавад,  барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокии маҳаллаҳои Ҷ. Алӣ, Пушкин ва қисмати аз 1 майи шаҳр, ки 3879 нафар аҳолӣ доранд, мусоидат менамояд.

Айни замон   сохтмони 1 адад чоҳи амудӣ дар назди Корхонаи коммуналии шаҳр идома дошта, он барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокии кӯчаҳои Ҳисориён, Маҳмадӣ Ҳакимов Бозорӣ, Фрунзе ва қисме аз маҳаллаи С. Даминзода, ки  зиёда аз 1943 нафар аҳолӣ доранд, пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин  дар ҳудуди Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб низ кандани 1 адад чоҳи амудӣ  дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки   моҳи гузашта  бо  саҳми  зодагони шаҳри Кӯлоб — Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фатоҳов, ки айни замон сокинони шаҳри  Душанбе мебошанд, ба маҳаллаи Лоҳутӣ  хати нави оби тозаи ошомиданӣ кашида шуд.

Сокинони маҳаллаи Лоҳутӣ  солҳо аз норасоии оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд.Сокинони маҳалла аз Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фатоҳов миннатдоранд, ки ин мушкили онҳоро осон гардониданд.

13