Нити на фабрике в Канибадаме для производства ковров, архивное фото

Дар Суғд дар соли 2018 аз 603 корхонаи саноатӣ 530 корхона фаъолият дошт

161
Дар соли 2018 суръати рушди саноати вилояти Суғд ба 108,2 фоиз баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо кормандони соҳаи саноат ва соҳибкорони вилоят гуфт дар натиҷа, ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 11,3 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки бо нархҳои амалкунанда нисбат ба соли 2017  1,1 миллиард сомонӣ зиёд буда, 110,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Ба гуфтаи раиси вилояти Суғд дар соли гузашта аз 603 корхонаи саноатӣ 530 корхона ё 87,9 фоиз фаъолият бурданд.

“Мутаассифона, 73 корхона ё 12,1 фоизи корхонаҳои вилоят фаъолият накарданд. Бояд илова намуд, ки дар ин давра шумораи корхонаҳои бефаъолият нисбат ба соли қаблӣ 2 адад кам шуда, аз ҳисоби 73 адад чунин корхонаҳо ба маблағи 61,7 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол нагардид, ки ба 0,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти саноати вилоят баробар мебошад”, - таъкид намуд Аҳмадзода.

 Вай афзуд, соли гузашта нақшаи таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ барзиёд иҷро гардида, дар соҳаи саноати вилоят як қатор дастоварду равандҳои мусбӣ ба қайд гирифта шуд.

“Дастовардҳои мазкур имкон доданд, ки саҳми саноати вилоят дар ташаккулёбии маҷмӯи маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ дар сатҳи 50 фоиз нигоҳ дошта шавад. Боиси қаноатмандист, ки тайи 5 соли охир саҳми саноати вилоят дар ташаккулёбии маҷмӯи маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ аз 34 фоизи соли 2014 то 50 фоиз афзудааст, ки наздик 1,5 маротиба зиёд аст”, - афзуд Раҷаббой Аҳмадзода.

161
Барчаспҳо:
саноат, корхона, вилояти Суғд, Суғд, Тоҷикистон