Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон

Раҳмон 3 узви собиқадори тимашро ба нафақа фиристод: ҷойи онҳоро кӣ гирифт?

7051
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Хайруллоев Шералиро бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои амнияти миллӣ озод кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Қаҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович низ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи котиби Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид. Бо амри раисиҷумҳур Давлатов Матлубхон Султонович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи референти калони Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барканор шуд.

Дар гузашта Шералӣ Хайруллоев, солиёни зиёд дар мақоми вазири мудофиа ва Абдураҳим Қаҳҳоров дар мақоми вазири умури дохилии Тоҷикистон фаъолият доштанд. Давлатов низ аз собиқадорони тими раисиҷумҳур ва мушовири иқтисодии ӯ буд. 

Раисиҷумҳур инчунин фармон додааст, ки Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад. Бо амри раисиҷумҳур, Раҷабов Ҷонмаҳмад Шарипович аз вазифаи машваратчии калон – сардори шуъбаи амнияти мудофиаи дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабукдӯш шуд.

Ализода Зариф бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ёрдамчии раисиҷумҳур дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, пешниҳодҳо дар бораи аз вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ализода Зариф ва ба ин вазифа таъин намудани Бобозода Умед ба  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Бобозода Умед то ҳол мақоми мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқиро ба уҳда дошт. 

 

7051
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)