Дар марзи Тоҷикистону Узбакистон гузаргоҳи нав ба баҳрабардорӣ расид

© Sputnik / Владимир Пирогов / Гузариш ба медиабонкГузаргоҳи марзӣ. Акс аз бойгонӣ
Гузаргоҳи марзӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қабл аз гушойиши “Боботоғ”, 16 гузаргоҳ, аз ҷумла, 9 гузаргоҳ бо мақоми байналмилалӣ дар миёни Тоҷикистон ва Узбакистон фаъолият мекарданд.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Узбакистон гузаргоҳи нави “Боботоғ”, ҳафтдаҳумин гузаргоҳ дар миёни ин ду кишвар ба баҳрабардорӣ расид, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, дабири матбуъотии нерӯҳои мусаллаҳи кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар маросими гушойиши ин гузаргоҳ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Руслан Мирзоев, фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат карданд.

Ба гуфтаи манбаъ, гузаргоҳи “Боботоғ” танҳо барои рафту омади шаҳрвандони ду кишвар ва ъубури худравҳои онҳо мебошад.

Қабл аз гушойиши “Боботоғ”, 16 гузаргоҳ, аз ҷумла, 9 гузаргоҳ бо мақоми байналмилалӣ дар миёни Тоҷикистон ва Узбакистон фаъолият мекарданд.

Лентаи хабарҳо
0