Город Дангара, архивное фото

Дар МОИ “Данғара”-и Тоҷикистон ширкати нав сабтином шуд

210
Сармоягузорони чинӣ дар ин минтақа ширкати таробариро сабтином карданд. Онҳо гуфтаанд, ки ба ин тарҳ 5 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар оғози сол дар минтақа озоди иқтисодии “Данғара”-и Тоҷикистон як ширкати нав сабтином шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи маъмурияти МОИ “Данғара”, сармоягузорони чинӣ дар ин минтақа ширкати таробариро сабтином карданд. Онҳо гуфтаанд, ки ба ин тарҳ 5 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар МОИ “Данғара” 6 ширкат сабтином шуда буданд. Онҳо дору, маводди электроник, бастаҳои полиэтиленӣ, масолеҳи сохтмонӣ тавлид ва хидматрасонии интернетӣ мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар ин минтақа 27 ширкат сабтином шудаанд. Ҳамчунин, ҳоло ъарзаҳои ширкатҳои дигар, ки мехоҳанд дар минтақа фаъолияти тавлидотиро роҳандозӣ кунанд, баррасӣ мегардад.

Соли гузашта дар МОИ “Данғара” 7 ширкати тавлидотӣ ба арзиши 25,7 миллион сомонӣ (2,7 миллион доллар) колоҳои гуногун тавлид карданд.

210