Иностранный рабочий курит во время задержания, архивное фото

"Келдиев мехост дар Тоҷикистон давлати исломӣ барпо кунад"

602
"Ӯ дидаю дониста, ки ҷамоати "Ансоруллоҳ" дар қаламравӣ Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияташ манъ гаштааст, бо иҷро намудани супоришҳои роҳбарияти он берун аз ҳудуди Тоҷикистон бар зидди шаҳрвандони кишвар ва манфиатҳои ҷумҳурӣ ҷиноятӣ вазнин содир намудааст"

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон, "аз оқибати пайравӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарою террористӣ" хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, як шаҳрванди Тоҷикистон, Келдиев И. барои пайравӣ ва аъзогӣ ба ҳаракати террористии "Ансоруллоҳ" ба 14 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ба гузориши додситонӣ, Келдиев соли 2011 дар Маскав бо роҳбари иттиҳоди ҷиноятии террористӣ-экстремистии ҷамоати "Ансоруллоҳ" Султонов М.Н. шинос шуда, аз охирин дар бораи мақсадҳои иттиҳоди зикршуда, яъне бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи он барпо кардани давлати исломӣ маълумот гирифта, бо роҳи байъат (савгандёдкунӣ) барои иштирок дар ин иттиҳод розигӣ додааст.

Минбаъд ӯ супориши роҳбараш се рафиқашро низ ба ин иттиҳод ҷалб карда, ба Покистон рафтааст.

"Он ҷо Келдиев ба худ тахаллуси Маҳдиро интихоб карда, дар марказҳои террористии ҷамоати "Ансоруллоҳ" дарсҳои ҳарбӣ омӯхта, бо мақсади иҷро намудани супоришҳои роҳбарияти ин иттиҳод дар марказҳои террористии ҷамоати “Ансоруллоҳ” зиндагӣ кардааст", - менависад манбаъ.

Дар як вақт Келдиев И.Ҷ. аз моҳи июли соли 2012 то моҳи январи соли 2013 мунтазам бо аъзоёни фаъоли иттиҳод Азимов И.И. ва Раҳматуллои Б., ки бо дастури Султонов М.Н. барои зиёд намудани сафи аъзоён ба шаҳри Хуҷанд рафта буданд, робитаи телефонӣ ва электронӣ (интернетӣ) барқарор карда, аз онҳо дар хусуси иҷрои супоришҳои роҳбарони иттиҳод ахборот гирифта, оид ба фаъолияти ҷиноятии якдигар маълумотдор гаштаанд.

Бо пешниҳоди ӯ моҳи марти соли 2012 Абдушукуров Н.Н. низ ба вилояти Вазиристони ҶИ Покистон рафта, дарсҳои ҳарбӣ ва ҷангӣ омӯхтааст.

Давоми солҳои 2011-2014 Келдиев И.Ҷ. бо супориши роҳбарони ҷамоати "Ансоруллоҳ" дар сафи ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, аз қабили "Толибон" ва "Ал-Қоида" дар муҳорибаҳои ҳарбӣ бар зидди қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаъолона иштирок намудааст.

Ҳамчунин, иштироки ӯ дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятии террориста ва экстремистии ҷамоати "Ансоруллоҳ" имконият фароҳам овардаст, ки давоми солҳои 2011-2013 аъзоёни он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои иттиҳод ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намоянд.

Келдиев И.Ҷ. дидаю дониста, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамоати "Ансоруллоҳ" дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияташ манъ гаштааст, бо иҷро намудани супоришҳои роҳбарияти он берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди шаҳрвандони Тоҷикистон ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятӣ вазнин содир намудааст.

17 январи соли 2019 бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Келдиев И.Ҷ. дар содир намудани ҷиноятҳои бо моддаҳои 187 қисми 2, 3072 қисми 2 ва 3073 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 14 сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи иштирок дар фаъолияти ҳама гуна ҳизбҳои сиёсӣ ба муҳлати 3 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низоми пурзӯр, таъин карда шудааст.

602