Оғози Оғози мумфаршкунии роҳҳо дар Конибодом

Раиси вилоят дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок кард

137
Рӯзи 4 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ ба шаҳрҳои Конибодому Исфара сафари корӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Конибодому Исфара иштирок кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилоят.

Бино бар иттилои манбаъ,Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии “Суҳроб С”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуд. 

"Дар гузашта бо сабаби норасоии оби полезӣ боғи хоҷагии деҳқонӣ хушк гардида, бо беҳтар шудани таъминоти оби полезӣ боғпарварон тасмим гирифтанд, ки дар майдони 8 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд", - менависад манбаъ.

Раиси вилоят ба деҳаи Офтобрӯяи Ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара низ рафта, бо лоиҳаи азхудкунии заминҳо шинос шудаст.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар деҳаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Нарзулло Ӯлмасов 24 гектар замине, ки солҳои зиёд аз истифода берун монда буд, дубора ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, боғҳои интенсивӣ бунёд мегардад. Ба иттилои масъулин дар 16 гектари заминҳои азхудшаванда боғи зардолу, 2 гектар боғи сиёҳолу, 1 гектар боғи чормағз, 3 гектар боғи дарахтони гуногун ва дар 2 гектар сардхонаву гармхона ташкил карда мешавад.

"Барои таъмини саривақтии боғоти нав бо об бо ташаббуси соҳибкор дар масофаи се километр хатти об кашида шудааст ва бо беҳтар шудани вазъи таъминоти оби полезӣ ин макони дар гузашта нообод ба як гушаи зебо тадбил меёбад", - менависад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

137