Врачи проводят операцию с помощью оптического прибора

Тақдими мошинҳои флюорографӣ ба Кӯлобу Бохтар

113
Мошинҳои мазкур дорои флюорографияи рақамӣ буда, дар 3 дақиқа хулосаи ниҳоии ташхисро бо тасвири флюорографӣ ба дасти мизоҷ мерасонад

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дирӯз, 5-уми март дар Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои табобатии вилояти Хатлон 2 адад мошини нави сайёр барои ташхиси бемории сил туҳфа карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар.

“Мошинҳои замонавии мазкур барои осон кардани кори мизоҷон ва табибон таъмин шуда, ҳадаф он аст, ки беморон дар маҳалли зисташон аз ташхису табобат гузаронида шаванд”, - иброз доштааст муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Азиз Одиназода.

Ба ақидаи директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил  Аслиддин Раҷабзода “ин мошинҳо барои аз муоина гузаронидани гуруҳҳои осебпазир ва сари вақт дарёфт кардани беморони сил ба ихтиёри марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили минтақаҳои Кӯлоб ва Бохтар дода шуда, хизматрасонии онҳо ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонида шудааст”.

Мошинҳои мазкур дорои флюорографияи рақамӣ буда, дар 3 дақиқа хулосаи ниҳоии ташхисро бо тасвири флюорографӣ ба дасти мизоҷ мерасонад. 

 

113
Барчаспҳо:
Бохтар, Кулоб, Мубориза зидди бемории сил, Вазорати тандурустии ҶТ, Тоҷикистон