Фелалиев, вакил аз Хоруғ дар бораи вазъи ВМКБ, ҷинояткорӣ, корхонаҳо ва мақсади Ҳукумат

Обуна шудан
Акрамшо Фелалиев, вакил аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо таҳияи як матлаб вазъ дар ВМКБ ва ҳадафи Ҳукуматро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Фелалиев бо нашри як матлаб дар нашрияи парлумонии “Садои мардум”, фаъолияти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ, таҳти роҳбарии генерал Абдураҳмон Аламшозодаро босамар хондааст.

Ёдгор Файзов, председатель ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Дигар иҷрокунанда нест: Файзов Ёдгор Доёрович раиси ВМКБ интихоб шуд - акс

Ӯ таъкид кардааст, ки мақсад аз таъсиси Ситод таъмини риояи артиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мусодира ва халъи силоҳ аз дасти гурӯҳҳои ҷиноятӣ мебошад ва натиҷаҳо шоистаи таҳсинанд.

“Хусусан, дар самти ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ки аз мушкилоти асосӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бахусус, шаҳри Хоруғ, маҳсуб меёфт, ситод ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид”, - таъкид кардааст вакил.

Намояндаи мардумӣ изҳор доштааст, ки мардуми ВМКБ ҳамеша ҷонибдори сиёсати Эмомалӣ Раҳмон буданд ва ҳастанд, зеро созандагиҳое, ки бо ҳидояти раисиҷумҳур сурат гирифтанд, мардуми Бадахшон амсолашро ёд надорад.

Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Посухи раиси ВМКБ ба эътирози сокинон: Файзов бурду бохти “Ишкошим” ва “Тем”-ро гуфт

“Магар давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ наметавонист минтақаҳои Тоҷикистонро ба воситаи роҳҳои нақлиётӣ дар ҳама фасли сол бо ҳам пайвандад? Метавонист, лекин дилсӯзӣ набуд. Саъю кӯшиш ва ғамхориҳои Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ аз минтақаҳои ҷудогона ба як кишвари воҳид табдил ёфта, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад. Аз ҷумла, Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон, ки қисми ҷудонашаванда аст, аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ ёфт”, - навиштааст Фелалиев.

Ӯ аз таъмини вилоят бо барқ, оғози сохтмони корхонаҳои нав зикр карда, иттилоъ додааст, ки соли 2018 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 26 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 380 ҷои корӣ ба истифода дода шудааст.

“Вале, аз 43 корхонаи бақайдгирифта, бо сабабҳои объективӣ 7 корхона ва коргоҳи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст. Фабрикаи “Ҳаёти нав” ва корхонаи коркарди санг­ҳои ороишии “Фароғат” дар шаҳри Хоруғ, корхонаи коркарди ангишти “ВТИ-Помир” дар ноҳияи Дарвоз, ҶДММ “Мрамор Стоун” дар ноҳияи Ванҷ, коргоҳи истеҳсоли обҳои минералии ҶДММ “Помир асри 21” дар ноҳияи Рӯшон, ҶДММ “Мирзо” - сехи дуредгарӣ дар ноҳияи Ишкошим ва коргоҳи бофандагии ҶДММ «Мунира» дар ноҳияи Мурғоб аз ҳамон ҷумла мебошанд”, - изҳор доштааст Фелалиев.

Ёдгор Файзов, председатель ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Раиси ВМКБ дар бораи танқид, пинҳонкорӣ, кӯчи минтақаи озоди иқтисодӣ ба Хоруғ ва ёдгориҳо

Ӯ илова намудааст, ки мардуми Бадахшон боз шукргузор аз он ҳастанд, ки Пешвои миллат орзуи чандинасраи онҳоро амалӣ карду, бори аввал дар таърих ба дидори мубораки пешвои мазҳабӣ — волоҳазрат Шоҳзода Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ мушарраф гардиданд.

“Ҳарчанд пайравони Оғохони IV дар мамлакат зиёд набошанд ҳам, фаъолият намудани марказҳои Исмоилия дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ, чандин созмони Оғохон, беморхонаҳо, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва литсейҳо гувоҳи он ҳастанд, ки барои фаъолияти озодонаи ҳама дину мазҳаб шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин арҷгузории Пешвои миллат ­Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба дини мубини ислом ҷаҳониён ­эътироф мекунанд”, - изҳор доштааст муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

Ӯ дар мавриди таъмини волоияти қонун дар ВМКБ таъкид кардааст, ки сокинони шаҳри Хоруғ, дар маҷмӯъ, мардуми Бадахшон, ҳеҷ гоҳ дар пушти ҷинояткорон паноҳ набурдаанд.

Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Намоз бо ҷамоат, пиёда ба кор: 6 хислати хоси раиси ВМКБ дар 5 моҳи роҳбарӣ - акс

“Баръакс, дастаҳои ҷинояткорон дар пушти мардум камин гирифта, ба ин васила мехоҳанд ҷурму гуноҳи худро пинҳон кунанд. Сокинони шаҳри Хоруғ ва мардуми дигар минтақаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамеша таҳаммулпазир ва ҳақпараст буданд ва дар мушкилоти рӯзгор, зуҳури даргириҳои бемаънӣ аз ақлу идрок кор гирифтаанд, на аз эҳсосу ҳаяҷон. Бо эҳсосу ҳаяҷони мардум бозӣ кардан ва дар ҳолатҳои муносиб аз он кор гирифтан стратегия ва тактикаи созмонҳои фурсатталаб ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноист. Бо ин роҳ онҳо мардуми сода ва гумроҳро ба бозӣ кашиданӣ мешаванд, вале мардум зирактар ва фаъолтар аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаанд”, - таъкид кардааст Фелалиев.

Ӯ афзудааст, аз таҳлили ҳаводиси Хоруғ бармеояд, гурӯҳҳои ҷиноӣ, ки дар тӯли 27 сол дар минтақа бедодгарӣ кардаанд, намехоҳанд ба осонӣ таслим шаванд ва ин аст, ки бо роҳҳои гуногун мехоҳанд минтақаро ноором созанд ва аз ин ҳисоб бесуботию ноҷӯрии сунъиро дар кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва интизомии минтақа ба вуҷуд оваранд.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таърифи Раҳмон аз ниятҳои Рустами Эмомалӣ дар ВМКБ ва тақозои таъмини нақлиёт дар Душанбе

Фелалиев изҳор доштааст, ки ҳадафи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон оромиш ва рушди Бадахшон буду ҳаст ва он чӣ дар робита ба боздошти ҷинояткорон дар минтақа сурат мегирад, аслан ба халқ ва мардуми Бадахшон иртибот надорад.

Дар охир Фелалиев суханони Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ-ро зикр кардааст, ки  гуфт,  мардум зиракии сиёсиро аз даст надода, соли 2019 муборизаро бо ҷинояткорӣ боз ҳам пурзӯр намоянд, зеро таъмини волоияти қонун танҳо вазифаи сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест.

Вакили парлумон аз Хоруғ изҳори умед кардааст, ки бо фарҳанги воло, дурандешӣ, таҳаммулпазирӣ ва хиради мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳадафҳои Давлат ва Ҳукумат дар ин минтақаи дурдасти кишвар амалӣ хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0