Почетный японский караул с флагами Японии и Таджикистана

Ҳайати палумони Тоҷикистон дар Ҷопон: таҳқими робитаҳо бо ин кишвар зарур мебошад

47
(Таҷдидшуда 14:46 08.03.2019)
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Ҷопон бо Ноиби калони Президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония Сузукӣ Норико мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон, дар доираи сафаи корӣ ба Ҷопон таҳти раӣёсати Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон доир ба корҳои байналмилалӣ Олим  Салимзода бо Ноиби калони Президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония хонум Сузукӣ Норико мулоқот намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо дар бораи робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо, раванди баррасӣ ва татбиқи тарҳҳои муштарак бо саҳми Ҳукумати Япония дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Роҳбари ҳайати парлумонии Тоҷикистон Олим Салимзода ба роҳбарияти “JICA” зарурати ҷалби бештари имкониятҳои дуҷонибаи истифоданашударо ба соҳаҳои муҳими Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ татбиқи босамари Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешниҳод намуд.

Инчунин, ҳайати парлумонии Тоҷикистон, дар Ҷопон бо аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Ҷопон бо иштироки ҳайати парлумонии ду кишвар  мулоқот намуд.

Дар ҷаласа миёни аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии ду кишвар атрофи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, зарурати таҳқими робитаҳо миёни намояндагони соҳаҳои гуногуни ду кишвар, мусоидати аъзоён ба ҷалби сармояи мустақим ва дар зимн ривоҷи бахши хусусӣ, таъмини таҷҳизоти махсуси тиббӣ ба муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон, тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи туризм ва гардишгарии хориҷӣ, таъсиси марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумони ду кишвар ҳамчунин ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро хуб арзёбӣ намуда, баҳри татбиқи тарҳҳои бештари муштарак дар ин самт ба мувофиқа расиданд.

Дар анҷом роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ Олим Салимзода аз ҳамтои ҷопонии худ ва аъзои қисми ҷопонии гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ даъват кард, ки дар фурсати муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биоранд.

47