Ҷаласаи парлумон бо ҳузури

Парлумон пешниҳоди Президентро пазируфт: Омбудсмени нави Тоҷикистон кист?

1915
(Таҷдидшуда 10:04 10.03.2019)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи равон пешниҳоди раисиҷумҳурро барои таъини Умед Бобозода ба мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ қабул кард

ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, зимни муаррифии номзади пешниҳодкардаи раисиҷумҳур ба мақоми омбудсменӣ, гуфт, Умед Бобозода якчанд сол омӯзгор будааст.

Ӯ афзуд, ки Умед Бобозода, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ буда, дар гузашта ба ҳайси муаллим, декани факултаи ҳуқуқшиносӣ ва муовини декани факултаи мазкур фаъолият доштааст.

Бобозода баъди соли 2007 дар вазифаҳои мушовири раисиҷумҳур, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди раисиҷумҳур кор кардааст.

Ӯ солҳои охир ба ҳайси мушовири бахши ҳуқуқии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ фаъолият намуда, ахиран аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон пешниҳод шуд ва аз ҷониби парлумон пазируфта шуд.

Дар пайи ҷонибдории вакилон Умед Бобозода барои фаъолияти содиқона савганд ёд кард.

Таъини Бобозода ба мақоми омбудсмен дар ҳолест, ки таҳлилгарон аз ваколатдори нав фаъолияти бештар барои ҳифзи ҳуқуқи инсонро интизоранд.  

1915
Садамаи маргборе, ки дар пайи он Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

КҲФ низ садамаи Баҳром Ғафуриро шарҳ дод ва чанд акс аз ҷои ҳодиса нашр кард

1611
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода менависад, ки агар ҳодиса соати 4:00 рух дода бошад, соати 4:18 дастаи наҷоти КҲФ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Аммо мутаассифона ҳунармандро натавонистанд аз марг наҷот диҳанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. КҲФ низ садамаи мудҳишеро, ки дар пайи он овозхони номӣ Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд шарҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 04:16 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар кўчаи  Рудакӣ  106 ноҳияи И.Сомонӣ, садамаи нақлиёти рўх додааст.

Соати 04:18 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд, афзудааст манбаъ.

Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ
Дафтари матбуоти КҲФ
Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ

Гуфта мешавад, дар натиҷа муаян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланкурузер» (200)  рақами давлатиаш 1991 КК 01ТҶ, аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба автомашинаи партовкаши тамғаи «Камаз»  бармехӯрад.

Бар асари ин бархурди мудҳиш як нафар мусофири он сарояндаи хушхону маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин садама ду нафари дигар: Зарипов Баҳодур ва Анварзода Ислом бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол дода шудаанд.

Сабаби ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД ва БДА-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муаяйн карда мешавад.

1611

Вазорати тандурустӣ омори тозаи коронавирусро нашр кард

294
То санаи 7 август дар мамлакат 6484 (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7706  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   7 август дар мамлакат  6484  (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

 

294