Газеты в Таджикистане

Имрӯз дар таҷлили 107-солагии матбуоти тоҷик барандагони ҷоизаи А. Лоҳутӣ эълон хоҳанд шуд

101
(Таҷдидшуда 09:47 11.03.2019)
Имрӯз дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 107-солагии матбуоти тоҷик ба рӯзноманигорони арзанда Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ тақдим карда мешавад

ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Имрӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бахшида ба 107-солагии матбуоти тоҷик  ҷамъомади тантанавӣ баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳамоиш  соати 16:00 доир гардида, дар он беҳтарин рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуоти даврӣ бо мукофоту туҳфаҳо қадрдонӣ карда хоҳанд шуд.

Илова бар ин, ба рӯзноманигорони арзанда Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ тақдим карда мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, маҳз дар ин рӯзи соли 1912 аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» аз чоп баромад.

Ёдрас мешавем, ки Рӯзи матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5 май таҷлил карда мешуд. Шурӯъ аз соли 1994 Рӯзи матбуот 11 март- дар рӯзи чопи аввалин шумораи рӯзномаи “Бухорои Шариф” таҷлил мешавад. Вале аввалин рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1925 бо номи “Иди тоҷик” таъсис ёфта буд, ки имрӯз бо номи “Ҷумҳурият” нашр мешавад. Абулқосим Лоҳутӣ аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи “Иди тоҷик” буд, ки дар баробари эҷодиёти ниҳоят ғановатмандаш дар рушди матбуоти тоҷик низ хизматҳои шоён ба анҷом расонид.

101
Барчаспҳо:
матбуот, иди матбуот, Лоҳутӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, ҷоиза, душанбе, ҷашни Рӯзи матбуот, Тоҷикистон