Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Фармони нави Эмомалӣ Раҳмон барои даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ

2227
(Таҷдидшуда 10:48 11.03.2019)
Мувофиқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, ҷавононе, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҷавонписаронро ба хизмати ҳарбӣ даъват кард. Дар ин бора фармони вижаи раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расидааст.

"Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2019 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд",- омадааст дар фармони кишвардор.

Тибқи санади мазкур моҳҳои апрел-майи соли 2019 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Вазорати мудофиа, раисони комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ӯҳдадор шудаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо таваҷҷуҳ ба хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.

"Раисони шаҳру ноҳияҳо бо дарки масъулият якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ барои амалӣ намудани муқаррароти моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд",- омадааст дар фармон.

 Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияҳои даъвати ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват шудаанд, бояд табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.

2227
Барчаспҳо:
даъват, хидмати ҳарбӣ, фармон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон