Национальные флаги  государств-членов Организации исламского сотрудничества (ОИС)

Иштироки Тоҷикистон дар Конфронси 14-уми иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои СҲИ

82
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев барои иштирок дар кори Конфронси 14-уми иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ ба шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш сафар кард

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik.  Тоҷикистон дар Конфронси 14-уми иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш иштирок хоҳад кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар Конфронси мазкур Тоҷикистонро Акрамшо Фелалиев муаррифӣ хоҳад кард.

“Даъвати мазкур аз ҷониби раиси палатаи намояндагони ин Марокаш Ҳабиб Ал Мелкӣ, раиси палатаи шӯроҳои Шоҳигарии Марокаш Абделҳаким Бенчамач ва  Дабири кулли иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ фиристода шудааст. Конфронси мазкур то 14 марти соли равон идома хоҳад ёфт”, - таъкид намудааст манбаъ

Инчунин, манбаъ таъкид намудааст, ки мувофиқи нақша Акрамшо Фелалиев худи ҳамин рӯз дар кори нишасти 41-уми кумитаи иҷроияи ин иттиҳод, нуҳумин нишасти кумитаи мазкур доир ба масъалаҳои Фаластин ва ҷаласаи дуюми иттиҳоди котибони кулли давлатҳо-аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш иштирок менамояд.

82
Барчаспҳо:
СҲИ, СҲИА, Марокаш, сафар, намояндагӣ, Парлумон, Тоҷикистон