Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров, архивное фото

Маҷлиси намояндагон қонун дар бораи боҷи давлатӣ ва гумрукро мавриди баррасӣ гузошт

126
Интизор меравад, ки ояндаи наздик вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намоянд

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон.

Аъзои Шӯро дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳо — лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон  “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ”,  “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин барои бораи нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”-ро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Интизор меравад, ки ояндаи наздик вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намоянд.

Дар анҷом аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

126
Барчаспҳо:
Кӯлоб, Шукурҷон Зуҳуров, Маҷлиси намояндагон, Тоҷикистон