Баҳси 2 мард барои 1 тангаи 50 ҳазор долларӣ дар Душанбе то милиса расид

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЧеканка монет. Архивное фото
Чеканка монет. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурини милиса дар Душанбе баҳси ду мард дар пойтахтро барои як тангаи 50 ҳазор долларӣ таҳқиқ мекунанд

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, ба идораи милиса дар ноҳияи Сино, сокини 49-солаи пойтахт муроҷиат карда, аз қаллобии марди 51-сола, сокини кӯчаи Алишер Навоии Душанбе шикоят кардааст.

Здание Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Куканиев барои марги 9 ҳамдеҳааш

Ба иттилои ВУД, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки марди 51-сола моҳи декабри соли 2018, ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 тангаи тиллоии қадима бо арзиши 50 000 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағро надодааст.

Манбаъ афзудааст, ки инчунин ба идораи милиса сокини 38-солаи пойтахт муроҷиат карда, шикоят кардааст, ки марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 270 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

ВУД таъкид кардааст, ки айни замон нафарони муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0