Здание парламента Республики Таджикистан

Прокурори генералӣ дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ҳисобот медиҳад

163
Прокурори генералии Тоҷикистон “Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар назди аъзои Маҷлиси миллии кишвар ҳисобот медиҳад

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Рӯзи 29 марти соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум баргузор мегардад, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, ки дар иҷлосия  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи берун  баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихӣ”, қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳо “Дар бораи мубориза бар зидди  коррупсия”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи хизмати давалатӣ” ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодии  кишвар баррасӣ хоҳад гардид.

Инчунин дар ҷараёни иҷлосия  дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ Прокурори генералии Тоҷикистон “Дар бораи назорати  риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳисобот медиҳад.

163
Барчаспҳо:
Маҷлиси миллӣ, ҳисобот, Прокурори генералӣ, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали

Бунёди муҳташамтарин бинои сиёсӣ дар 2,7 гектар: Президент ба сохмони он оғозбахшид

10
Масоҳати умумии Майдони «Истиқлол» 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik.  Дар Душанбе дар майдони "Истиқлол"  дар масоҳати 2,7 гектар муҳташамтарин бино барои баргузории чорабиниҳои сиёсӣ бунёд мешавад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 10 июл ба бунёди майдони ""Истиқлол" оғоз бахшидааст.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш медиҳад, масоҳати умумии Майдони "Истиқлол" 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.

"Дар ин ҷо майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад", - менависад котиботи раисҷумҳур.

"Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳо ва ғайра иборат мебошад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

"Истиқлол ва Озодӣ": Хадамоти матбуотии раисҷумҳур озмун эълон мекунад

Майдони "Истиқлол" бо маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлол ва Озодӣ" муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

 

10
Капитальная реконструкция автодороги Бишкек-Нарын-Торугарт

Оғози таъмири роҳи Ховалинг-Шугнов: бозсозии 63 километр роҳ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ

22
(Таҷдидшуда 12:44 10.07.2020)
Дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти вилояти Хатлон ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ таъмири 63 километр роҳи Ховалинг-Шугнов оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Роҳи мошингарде, ки маркази ноҳияи Ховалингро бо ҷамоъати деҳоти Шугнов мепайвандад ва солҳои дароз дар ҳолати ногувор қарор дошт, таъмир хоҳад шуд, иттилоъ хабаргузории АМИТ “Ховар”.

Гуфта шудааст, ки роҳбарияти ноҳия сохтмони роҳи мазкурро ба нақша — чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон шомил намуда, барои тахту ҳамвор ва сангфаршкунии роҳ соҳибкорони маҳаллӣ низ ҷалб гардиданд. Айни замон дар мавзеҳои душворгузари роҳ корҳои барқарорсозӣ ва тахту ҳамворкунии роҳ оғоз гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар корҳои сохтмонӣ техникаҳои сокинони ҷамоъати деҳот ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҷалб карда шудаанд.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки мавзеи аз ҳама душвори роҳ ағбаи Тиюн мебошад, ки 18 километрро ташкил дода баландии он аз сатҳи ҳамворӣ беш аз ҳазор метрро  дар бар гирифта,  ҳамасола бар асари боришот валангор мегардад.

“Муҳандисони роҳсоз ба гардиш ва ҷойҳои ярчфарою хатарзои роҳ аҳамияти махсус дода, дар он мавзеъҳо корҳои сохтмониро ба таври зарурӣ ба роҳ мондаанд. Сангу шағалро аз дарёи Ёхсу, ки дар шафати роҳ мебошад кашонида, ба воситаи техникаю механизмҳои пуриқтидори роҳсозӣ ҳамвор менамоянд. Роҳсозӣ дар шароити кӯҳистон душвор мебошад ва ҳангоми оғози корҳои сохтмонӣ барои муваффақ шудан  қоидаҳои роҳсозиро мебояд қатъиян риоя кард. Дар оянда мумфаршкунии роҳ низ ба нақша гирифта шудааст”, — соҳибкор Муҳиддин Қосимов

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷамоати деҳоти Шугнов Изатулло Файзов иброз доштааст, ки роҳбарияти ҷамоат ва соҳибкорон мақсад доранд, ки роҳи мавзеи ағбаи Тиюнро давоми се рӯзи дигар сангфарш намоянд ва баъдан дар қитъаҳои ҳамвори роҳ онро идома диҳанд.

Сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Шугнов дастаҷамъона дар ин кори хайр ба соҳибкорон кӯмак расонида истодаанд.

22
Барчаспҳо:
таъмир, Хатлон, вилоят, мақомот, Ховалинг, роҳ, Тоҷикистон