МВД Таджикистана презентовало новые образцы формы таджикской милиции

ВУД намунаи либосҳои нави политсияи Тоҷикистонро намоиш дод

261
Ахиран дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гуруҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik.   Дар ҷаласаи навбатии гуруҳи корӣ доир ба идораи ислоҳоти милитсия, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, намунаи либосҳои нави политсия намоиш дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

Дар ҷаласаи мазкур Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, иҷрокунандаи роҳбари Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе, намояндагони Сафоратхонаҳои хориҷи кишвар, ташкилотҳои хориҷӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ Ҷаласаи гуруҳӣ доир ба идораи ислоҳоти милитсия ва коршиносон ширкат варзиданд.

Ҷаласаро Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, ҳозиринро барои иштирок дар мизи мудаввар ва саҳмгузориҳояшон дар амалӣ гардидани Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия арзи сипос намуд.

Роҳбари аввали ВУД дар идома зикр кард, ки мақсади асосии ислоҳот, пеш аз ҳама, таъмини волоияти қонун, демократикунонии он дар ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад, зеро дар 27 соли охир дар  Тоҷикистон тағйироти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсие ба вуқӯъ омада, муносибатҳои ҷамъиятии сифатан навро ба вуҷуд оварданд.

МВД Таджикистана презентовало новые образцы формы таджикской милиции
© МВД РТ
МВД Таджикистана презентовало новые образцы формы таджикской милиции

Вазир қайд кард, ки дар ин марҳала системаи ҳуқуқӣ ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта, амалияи он низ дигаргун шуда истодааст.

Дар ин ҷода, аз ҳама муҳим мустаҳкам намудани алоқаи милитсия бо мардум, таъмини шафофияти фаъолияти он ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани фаъолияти милитсия мебошад, - афзуд мавсуф.

Сипас зимни ҷаласа ба ҳозирин намунаи либосҳои нави политсияи тоҷик муаррифӣ шуд.

Дар идомаи кори ҷаласа Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВУД Фарҳодбек Шодмонзода оид ба “Раванди иҷроиши Барномаи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамои он” суханронӣ намуда, аз корҳои басомонрасонидашуда оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа, сохтмони биноҳои Академияи ВУД, Коллеҷи милитсия, Коллеҷи оташнишонӣ ва дигар биноҳои маъмурии милитсия, таъмири пурраи онҳо ва дигар бандҳои иҷрошудаи лоиҳаи барнома ибрози андеша намуд.

Дар кори ҷаласа дигар мутахассисони соҳа дар бораи ислозҳоти милитсия баромад намуда андешаҳои худро баён намуданд

Инчунин, дар интиҳо, Вазири корҳои дохилӣ доир ба дурнамои ҳамкориҳо дар самти ислоҳоти милитсия ва робита бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ибрози андеша намуд.

261