Пул гирифту манзил надод: директори "Союз-Сохтмон" ба 11 соли зиндон маҳкум шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевСтроительство новых домов в Душанбе, архивное фото
Строительство новых домов в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Афзун бар ин, додгоҳ маблағи сокинони шаҳри Душанберо, ки барои гирифтани манзил ба Додохонов дода буданд, гирифта додааст

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Директори генералии ширкати сохтмонии "Союз-Сохтмон" Додохонов М.И. барои қаллобӣ ба 11 соли зиндон маҳкум гардид, хабар медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Додхонов аз 11 сокини Душанбе барои додани манзил аз биное дар маҳаллаи 83-и пойтахт маблағ гирифта, пулҳоро ба манфиати худ истифода кардааст.

"Додохонов М.И. аз соли 2017 дар 11 ҳолат даст ба ҷинояти қаллобӣ зада, аз шаҳрвандон Исмоилов А.К., Каримов М.К., Эргашева ҲМ., Гулмирзоев С.У., Аслонова Г.М., Боймуратова М.Э., Каримов Т.Ф., Абдуназарова О., Амонқулов Ҳ.Г., Ализода Ш. ва Раҷабов X. барои аз бинои сохтмонӣ воқеъ дар маҳаллаи 83-юми шаҳри Душанбе до дани манзилҳои истиқоматӣ дар маҷмӯъ 147 ҳазору 225 доллари ИМА ва 167 ҳазору 883 сомонӣ гирифта, онҳоро тасарруф карда, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст", - тавзеҳ медиҳад додситонӣ.

Додохонов бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба 11 соли зиндон маҳкум гардида, афзун бар ин дар рафти тафтишот, маблағҳои гирифтаашро ба сокинон баргардонидааст.

Лентаи хабарҳо
0