Рустам Эмомали

Рустами Эмомалӣ барои омодагӣ ба мавсими “Ҳаҷ-2019” комиссияи шаҳрӣ таъсис дод

928
Дар Душанбе Комиссияи шаҳрӣ барои омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими “Ҳаҷ-2019” таъсис дода шуд

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе 13 марти соли равон қарор дар бораи  таъсис додани комиссияи шаҳрӣ барои омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими “Ҳаҷ-2019”-ро ба исмзо расонд.

Дар ин  бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ, тибқи қарори мазкур Комиссияи мазкур вазифадор шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати баргузор намудани мавсими “Ҳаҷ-2019” тадбирҳои зарурӣ андешад.

Тибқи қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе  муваззаф гардидаанд, ки барои қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявӣ таъсис дода, ҳуҷҷатҳои заруриро тибқи рӯйхат ба комиссияи шаҳрӣ то 25 марти соли 2019 пешниҳод намоянд.

Инчунин, дар қарор ҳамчунин омадааст, ки Раиси комиссияи шаҳрӣ доир ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими “Ҳаҷ-2019” дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми кори комиссия то 30 марти соли равон рӯйхати ҳаҷравандагони шаҳри Душанберо тибқи тартиби муқарраргардида ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон ирсол намояд.

928
Барчаспҳо:
қарор, омодагӣ, Ҳаҷ, раиси шаҳри Душанбе, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон
Кати хоб дар яке аз беморхонаҳои Тоҷикистон. акс аз бойгонӣ

Соҳибкор Раҷабов барои сокинони Муъминобод Маркази саломатӣ сохт

32
Дар маркази мазкур 12 нафар пизишкони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуда, барои аҳолии се деҳа хизматрасонӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Бо ибтикори соҳибкори ватанӣ, сокинони се деҳаи дурдасти ноҳияи Муъминобод соҳиби  Маркази замонавии саломатӣ гардиданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Раҷабов Шодибек дар деҳаи Деҳбаланди Ҷамоати деҳоти Деҳбаланди ноҳияи Муъминобод бо маблағи 400 ҳазор сомонӣ Маркази тиббӣ сохт.

Вазири мудофиа аз ҳисоби худ дар деҳа Маркази саломатӣ сохту мошин туҳфа кард (АКС)

Бар хабари манбаъ, Маркази саломатӣ аз ҳуҷраҳои  қабули беморон, табиби оилавӣ,  ташхиси занон, хатна ва  доругузаронӣ  иборат  буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

"Муассисаи мазкур аз маркази ноҳияи Муъминобод 7 километр дур буда, дар Ҷамоати деҳоти Деҳбаланд калонтарин муассисаи тиббӣ ба ҳисоб меравад", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар маркази мазкур 12 нафар табибони маҳаллӣ фаъолият намуда, ба сокинони се деҳаи атрофи ҷамоат, ки дорои 605 хоҷагӣ ва 4176 аҳолӣ мебошанд, хизмати тиббӣ мерасонанд.

32
Барчаспҳо:
соҳибкор, Маркази саломатӣ, ноҳияи Муъминобод
Встреча главы МИД РТ с министром иностранных дел Южной Кореи Канг Кюнг

Аз ҳамакории тиҷоратӣ то мубориза бо COVID-19: мақомоти Корея ба Тоҷикистон чӣ ваъда дод?

160
(Таҷдидшуда 10:05 26.11.2020)
Дар шаҳри Сеул дар ҳошияи сафари расмӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Канг Кюнг-ва мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, барои тақвият бахшидани ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Корея дар соҳаҳои мухталиф изҳори умед намуданд.

Гуфта шудааст, ки ҳамчунин масъалаҳои тавсеа ва таҳкими заминаҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба муҳокима шуданд.

Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ ба масъалаҳои татбиқи тавофуқоти дар чаҳорчӯби сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, имзои санадҳои нави дуҷониба, танзими чорабиниҳои муштарак дар сиғаҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби нишастҳои Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

“Ҷонибҳо ба аҳамияти густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва муҳоҷирати корӣ таъкид карданд”, - зикр кардааст манбаъ.

Инчунин, ба иттилои мнабаъ, дар мулоқот дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии СOVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қайд шудааст, ки дар анҷоми мулоқот дар анҷоми Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея барои солҳои 2021-2023 имзо гардид.

160
Барчаспҳо:
Сеул, мулоқот, ҳамкорӣ, Корея, Тоҷикистон

“Дасти Худо” ва беҳтарин голи асри 20: ёде аз Марадона - навор

0
(Таҷдидшуда 12:04 26.11.2020)
Номвартарин ситораи ҷаҳонии футбол, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 1986, Диего Марадонаи 61 - сола аз олам гузашт

Марадона бо тими миллии Аргентина дар соли 1986 қаҳрамони ҷаҳон шуда буд. Намоиши Марадона дар он ҷоми ҷаҳонӣ яке аз баёдмондатарин лаҳзаҳои таърихи футболро рақам зад, ба хусус ду голе, ки ба тими миллии Англия зад.

Марадона дар он мусобиқа як голро бо даст вориди дарвозаи ҳариф кард, ки бо “Дасти Худо” маъруф шуд. Голи дуввуми Марадона, ки пас аз гир додани бисёре аз бозингарони Англия ба самар расид, ба эътиқоди бисёре аз алоқамандони футбол зеботарин голи ҷоми ҷаҳонӣ аст. Ин гол беҳзтарин голи асри 20 дониста шуд.

Марадона дар тимҳои мухталифе монанди “Барселона” ва “Наполи”бози кардааст..

Муввафақтарин даврони варзишии ӯ дар бошгоҳи “Наполи” буд, ки ҳамроҳ бо ин тим қаҳрамони Итолиё ва Аврупо шуд. 

Диего Марадона пас аз анҷоми даврони бозӣ ба мураббигӣ рӯ овард, аммо натавонист дар ин роҳ муваффақ шавад. Охирин ҳузури Марадона ба унвони мураббӣ рӯи тими “Химнасия ва Эксгрима” аз Ла-Платаи Аргентина буд.

Ҳамчунин ӯ соли 2008 ба муддати ду сол сармураббии тими милли Аргетина низ буд ва ин тимро ба як чаҳоруми ниҳоии ҷоми ҷаҳон дар соли 2010 дар Африқои ҷанубӣ расонд.

0
Барчаспҳо:
даргузашт, Аргентина, Марадона