Теппаҳо, акс аз бойгонӣ

Боздошти марду зан барои пулгирӣ бо ваъдаҳои бардурӯғи додани замин дар Душанбе

145
Маъмурини милиса аз боздошти марду зане хабар доданд, ки бо ваъдаи додани замин дар Душанбе аз ниёзмандон маблағҳои ҳангуфт мегирифтаанд

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, муттаҳамон дар қаллобӣ, марди 39-сола, сокини кӯчаи Айнӣ ва зани 57-сола, сокини кӯчаи Каленини пойтахт мебошанд.

Манбаъ афзуд, ба идораи милиса дар ноҳияи Шоҳмансур, зани 49-сола, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат карда, арз доштааст, ки моҳи сентябри соли 2011, марди 39-солаи сокини кӯчаи Айнӣ бо роҳи фиреб аз ӯ 7 ҳазор доллар гирифтааст. Муроҷиаткунанда афзудааст, ки ин мард ба ивази 7 ҳазор доллар ваъда додааст, ки аз маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе замини назди ҳавлигӣ гирифта медиҳад, аммо иҷро накардаасту то ҳол маблағро низ нагардондааст.

Инчунин ба идораи милиса, марди 45-сола, сокини ноҳияи Файзобод ариза додааст, ки моҳи ноябри соли 2007, зани 57-сола, сокини кӯчаи Каленини барои ҷудо кардани замин дар пойтахт 4 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст. Ба иттилои муроҷиаткунанда, зани мазкур ваъда додааст, ба ивази 4 ҳазор доллар, дар кӯчаи Хоҷамбиёи шаҳри Душанбе номаш қитъаи заминро ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, вале то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

ВУД афзуд, ки феълан муттаҳамон дар қаллобӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо идома дорад.

145
Барчаспҳо:
қаллобӣ, боздошт, замин, Тоҷикистон