Девушка отдыхает на природе

Обуҳавошиносон: имрӯз дар Тоҷикистон борон намеборад

75
(Таҷдидшуда 09:09 15.03.2019)
Дар Тоҷикистон ҳаво имрӯз тағйирёбандаи бебориш мешавад

Душанбе, 15 мар-Sputnik. Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе имрӯз ҳаво камабри бебориш мешавад.

Ҳаво шабона 4-6, рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳавои тағйирёбанда, камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7, рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа сард то то 2 дараҷа гарм ва дар баъзе ноҳияҳо 5-10 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 14-19 ва дар баъзе ноҳияҳо то 22-27 дараҷа сард шуда рӯзона ҳаво аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии ин вилоят шабона 1-6 дараҷа  ва рӯзона  13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон имрӯз ҳавои камабри бебориш пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 дараҷа ва рӯзона 21-26 дараҷа  гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд. 

 

75
Мавзуъ
Обуҳавошиносон: ҳаво шаб сард, аммо рӯзона гарм мешавад
Обуҳавошиносон: дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Обуҳавошиносон: дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко и глава палаты парламента Таджикистана Рустам Эмомали

Муҳоҷиру пулу гӯшаи тоҷикон: натиҷаҳои нахустсафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Маскав

379
(Таҷдидшуда 21:09 25.11.2020)
Нахустин сафари расмии Рустами Эмомалӣ дар Маскав, ки зимни он ба ҳайси раиси Маҷлиси миллӣ бо аъзои парлумони Русия ва ба ҳайси шаҳрдори Душанбе бо Сергей Собянин мулоқот кард, анҷом ёфта истодааст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Зимни ҷаласаи муштарак Валентина Матвиенко, раиси палатаи болоии парлумон ва Рустами Эмомалӣ самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар – саноат, тиҷорат ва ҳамкории минтақаваиро муайян намуданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ гуфт, гарчанде Русия тайи солҳои зиёд шарики асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад (гардиши мол тайи 8 моҳи 2020 ҳудуди 720 миллион доллар), имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ҳанӯз зиёданд.

“Ҳиссаи сармоягузориҳои мустақими Русия ҳанӯз ҳам ба имконоти мавҷуда ҷавобгӯй набуда, зарфиятҳои ҳамкории иқтисодии Русия ва Тоҷикистон пурра истифода нашуда истодааст”, - изҳор дошт ӯ.

Валентина Матвиенко дар навбати худ аҳамияти сафари раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро таъкид карда, афзуд, ки он таконе барои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз монеаҳои асосии рушди ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба коғазбозиҳои зиёд ва расмиёти мураккаб мебошад.

“Бюрократияи зиёдатию таъхиркориҳо монеи рушди ҳамкорӣ дар ин бахш мебошанд. Барои ин ба хулоса расидем, ки як роҳҳалро таҳия кунем. Тариқи кумитаҳои соҳавӣ ҳамоҳангсозиро вусъат бахшида, заминаи ҳуқуқию шартномавиро таҳким мебахшем”, - изҳор дошт раиси Шӯрои Федератсия.

Ба гуфтаи ӯ, миёни Душанбе ва Маскав баъзе нофаҳмиҳо дар масъалаи устуворсозии заминаи ҳуқуқӣ-шартномавӣ вуҷуд дорад. Ва аъзои парлумони ду кишвар метавонанд барои ҳамоҳангӣ ва тезондани тасвиби ҳуҷҷатҳо созиш кунанд.

Рустами Эмомалӣ инчунин бо ноиби раиси Ҳукумати Русия, Алексей Оверчук, ки ҳамраисии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар умури ҳамкориҳои иқтисодиро низ ба уҳда дорад, мулоқот намуд.

Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ равона карда шуд. Аз ҷумла Оверчук ва Рустами Эмомалӣ ҳамкорӣ дар бахши куҳкорӣ, саноати коркард, бахши энергетикаю сӯзишворӣ ва хоҷагии қишлоқро баррасӣ намуданд.

Масъалаи содироту воридоти маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла меваю сабзавот аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот буд.

Албатта ҷонибҳо соҳаи гуманитариро низ бетаваҷҷуҳ нагузоштанд. Рустами Эмомалӣ бо аъзои парлумони Русия масоили вусъат бахшидани сохтмони макотиби русӣ дар Тоҷикистонро ба миён гузошту Валентина Матвиенко аз Рустами Эмомалӣ хост ба ҷавонон таваҷҷуҳ дода шавад.

“Ман ҷонибдори барқарорсозии ҳарчи зудтари ҳамкориҳо дар бахшҳои гуманитарӣ, афзоиш дар бахши фарҳангу маориф, варзиш ва албатта ҷавононам”, - таъкид кард раиси Шӯрои Федератсия. Ӯ давом дод, ки дар дунё созмону ҳаракатҳои ифротию террористӣ зиёданд, ки барои мағзи ҷавонон талош мекунанд. Мо бояд пешдастӣ кунем, тариқи табодули таҷриба бояд ҳарчи бештар лоиҳаҳо ва маъракаҳоро амалӣ созем.

Аз ҷумлаи иқдоми мушаххас пешниҳод гардид, ки дар 20-солаи наздик теъдоди намояндагиҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон афзоиш дода шавад. Таъкид гардид, ки дар заминаи макотиби Маскав барои омӯзгорони забони русии макотиби Душанбе ва дар заминаи беморхонаҳо барои табибони тоҷикистон курсҳои такмили ихтисос гузаронда шаванд.

Барои Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо аъзои парлумон ва ҳукумати Русия масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ буд. Ӯ дар бораи расмиёти содаи ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба кор, барқарорсозии парвозҳо ва пешгирии паҳншавии коронавирус миёни муҳоҷирон суҳбат кард.

Масъалаи муҳоҷиронро инчунин дар мулоқот бо ҳамтои русиягияш, Сергей Собянин низ баррасӣ намуданд.

Зимни гуфтушунид густариши ҳамкориҳо дар бахши тиҷорату иқтисод фарҳангу гуманитарӣ ва роҳандозии равобити бевосита миёни хоҷагидорон баррасӣ шудаанд.

Собянин ва Рустами Эмомалӣ зарурати афзоиши ҳамкорӣ дар бахши маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва навсозии техникию моддии хоҷагиҳои коммуналиро таъкид намудаанд.

Инчунин ба иттилои котиботи шаҳрдории Маскав, ҷонибҳо таъсиси гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи “ВДНХ”-ро баррасӣ кардаанд, ки дар он ҷо аз соли 1939 то 1965 вуҷуд дошт.

Натиҷаи музокирот имзои Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020 – 2023 миёни Маскав ва Душанбе шуд.

Дар баробари мулоқот бо Матвиенко, Собянин ва Оверчук, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин музокироти телефонӣ анҷом дод.

Зимни суҳбат аз ҷумла баргузории Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардидааст, ки санаи эҳтимолии он охири марти соли 2021 мебошад.

379
Барчаспҳо:
мулоқот, Русия, Тоҷикистон
Медицинские работники в инфекционной больнице

Аз 12 ҳазор гузашт: омори тозаи сироят аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

204
(Таҷдидшуда 18:51 25.11.2020)
Дар Тоҷикистон шумораи умумии гирифторони бемории коронавируси навъи COVID-19 марзи 12 ҳазорро убур кард

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 37 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар шумораи гирифторони ин беморӣ дар кишвар ба 12008 нафар баробар гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамзамон, дар давоми 24 соати охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон ба 11395 (94,9%) нафар баробар гардид.

Коронавирус нишасти G20 - ро сироят кард. Вале Ғарб ваксинаи Русияро тоқат надорад

 "Аз аввали ҳамагирӣ то кунун бар асари ин беморӣ  86 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ҳамчунин ин ниҳод аз мардум даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

204
Барчаспҳо:
маризӣ, сироят, беморӣ, вируси корона, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Диего Марадона

Диего Марадона номвартарин ситораи ҷаҳонии футбол даргузашт: 61 сол дошт

163
(Таҷдидшуда 22:48 25.11.2020)
Номвартарин ситораи ҷаҳонии футбол, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 1986, Диего Марадонаи 61 - сола аз олам гузашт

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ассосиатсияи футболи Аргина дар Twitter хабари даргузашти ситораи ҷаҳонии футболро тасдиқ намуд.

Бар хабари TN, санаи 30 - юми октябр Марадонаро барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ ба бемористон оварда буданд, зеро ӯ қаблан ҷарроҳии мағзи сар шуда буд.

Манбаъ меафзояд, Марадона рӯзи 12 уми декабр пас аз ҷарроҳии мағзи сар, аз дармонгоҳ мураххас шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи Perfil сабаби марги ситораи ҷаҳониро, аз тапидан бозмондани қалбаш рабт медиҳад. Ин манбаъ меафзояд, ки фишори хуни Марадона ба якборагӣ пас шуд ва пизишкони Ёрии таъҷилӣ натавонистанд ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

Дар дақиқаи чорум: Роналдо аллакай ҳисоби бозии Португалия ва Марокашро боз кард

Дар робита ба даргузашти Марадона, кишвардори Аргентина Алберто Фернандес дар қаламрави кишвараш се рӯзи мотам  эълон намуд.

Диего Армандо Марадона 30 октябри соли 1960 таваллуд шудааст. Дар синни 10 солагӣ ба тими наврасони "Лос Себолитас" пайваст.

Аз соли 1977 Диего ба ҳайати тими миллӣ шомил гардид.

Бозии охирони Марадона бо тими "Ривер Плейта" санаи 25 октябри соли 1997 сурат гирифта буд. Пас аз ин бозӣ, санаи 30 - юми октябр ситораи футбол аз анҷоми "карера"- и худ хабар дод.

Ӯ аз соли 2008 то 2010 мураббии тими миллии Аргентина буд.

163
Барчаспҳо:
даргузашт, Диего Марадона