Добыча угля в Таджикистане, архивное фото

Тоҷикистон дар 2 моҳ 190 ҳазор тонна ангишт тавлид кард

78
(Таҷдидшуда 18:00 15.03.2019)
Ёдовар мешавем, ки порсол тавлиди ангишт дар кишвар беш аз 1,9 миллион тонна шуда буд

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар ду моҳи аввали сол дар Тоҷикистон 190 ҳазор тонна ангишт тавлид шуд, ки ин шумор дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 63 ҳазор тонна афзойишро нишон медиҳад, мегузорад хабаргузории ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи вазорати саноеъи Тоҷикистон, дар як шаборӯз дар кишвар 4-5 ҳазор тонна ангишт тавлид мегардад.

Ёдовар мешавем, ки порсол тавлиди ангишт дар кишвар беш аз 1,9 миллион тонна шуда буд.

Бар асоси додаҳои манбаъ, 12 ширкат дар ҶТ ангишт тавлид мекунанд. Беш аз 200 ширкати кишвар ангиштро ҳамчун маводди сӯхт мавриди корбурд қарор додаанд.

Соли 2018 дар Тоҷикистон 1 миллиону 907 ҳазор тонна ангишт дар 12 корхона аз захираҳои 9 кон истихроҷ шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ин нишондод баландтарин дар таърихи кишвар буда, саҳми КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб” – 46,3 %, ҶДММ “Талко Ресурс”-23 % ва ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик-18%-ро ташкил дод.

Ба иттилои Вазорат, ба ҳолати 1 январи соли 2019 захираи ангишт дар анбори корхонаҳои соҳаи саноати ангишт зиёда аз 377 ҳазор тоннаро ташкил медоданд.

78