Ҳаво дар Тоҷикистон то 24 дараҷа гарм мешавад

© © Sputnik / Амир ИсаевЦветущие деревья в Душанбе, архивное фото
Цветущие деревья в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 0-5 дараҷа сард  шуда, рӯзона  6-11  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   12-17  ва дар баъзе ноҳияҳо то 25-30  дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво 3-2 ва дар баъзе ноҳияҳо то 4-9  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати   3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 6-11  ва  рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард шуда,  рӯзона 8-13  дараҷа гарм мешавад.

Празднование Навруза в Москве на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон
Ид дар Тути калон: дар Хуҷанд Наврӯз даҳ рӯз таҷлил мешавад

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11  ва рӯзона 21-26  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  1-6  ва   рӯзона 14-19 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шабона 3-8 ва рўзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм ва дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа сард  мешавад.  Рўзона ҳаво  9-14 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 4-6  ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0