Здание парламента Республики Таджикистан

Беш аз 100 масъули Дастгоҳ "хокро аз ғалбер" гузаронданду сангу шағал тоза карданд

257
(Таҷдидшуда 13:42 16.03.2019)
Беш аз сад вакили Парлумон ба ҳашар баромада, ба таъмиру тармими бинои Маҷлиси намояндагон пардохтанд

ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Дастгоҳи парлумон имрӯз дар остонаи ҷашни Наврӯзи ва 30-солагии Истиқлоли давлатии  Тоҷикистон ба ҳашари умумихалқӣ баромаданд.

Дар ин бора расонаҳои расмии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ин ҳашар  таҳти унвони  «Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?» доир гардидааст.

Дар ҳашар беш  аз 100 корманди Дастгоҳ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ширкат доштаанд.  

"Кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон  барои тоза кардани бехи дарахтон,  хоки замини макони фароғатиро  канда аз ғалбер гузаронида, сангу шағали онро ҷудо намуданд ва ба таъмиру тармими бинои Маҷлиси намояндагон  камари ҳиммат бастанд",-омадааст дар хабарнома.

Ба гуфти муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Абдуҷаббор Азизӣ, "ҳадафи дигари чорабинии мазкур тақвияти ҳисси ватандустиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондустӣ, якдили, якмароми, баробариву бародари ва тахкими сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад.

257
Мавзуъ
Ҳашар дар Дарвоз: омодагии Тоҷикистон барои пешвози гардишгарон
Омодагии Узбакистон ба Наврӯз аз ҳашар шурӯъ шуд