Флаг Таджикистана и Узбекистана, архивное фото

Узбакистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 160 ҳазор доллар кумаки башардӯстона расонд

378
Узбакистон дар ду моҳи соли равон ба панҷгонаи кишварҳое дохил шудааст, ки ба Тоҷикистон кумакҳои башардустона мерасонад

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik.  Дар ду моҳи соли равон Узбакистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 160 ҳазор доллар кумаки башардӯстона роснидааст, иттилои додааст хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба Ожонсии омори Тоҷикистон.  

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҳаҷми умумии кумакҳое, ки ба Тоҷикистон расонида шудааст ҳиссаи Узбакистон 1,2 дарсадро ташкил додааст.

Ҳамагӣ ба Тоҷикистон дар ин давра ба маблағи 13 миллиону 430 ҳазор доллар кумаки башардӯстона расонида шудааст.

Бештар аз ҳама ба Тоҷикистон Русия (18,2 дарсад аз ҳаҷми умумӣ), Чин (3,6 дарсад), Ҳиндустон (1,7 дарсад), АМА (1,6 дарсад) кумаки башардӯстона мерасонанд.

Дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон дар моҳи январ-феврал соли равон 34 кишвари дунё кумаки башардустона расонданд.

Теъдоди кишварҳои донор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба як донор коҳиш ёфтааст, аммо ҳаҷми кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон ба 2,7 миллион доллар афзоиш ёфтааст.  

378
Барчаспҳо:
афзоиш, кумаки башардӯстона, ҳамкорӣ, Узбакистон, Тоҷикистон
Девочка плачет, архивное фото

"Фарзандбезор нестам": модари кӯдаконе, ки аз дасти падар озор медиданд, наздашон меояд

44
(Таҷдидшуда 16:34 27.05.2020)
Модари ду кӯдаке, ки аз дасти падари худ латукӯб мешуданд, мегӯяд ба Русия танҳо ба хотири пул кор кардан ва соҳиби як сарпаноҳ шудан бо ҳамсар ва фарзандони худ дошт

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Диловар Сафаров блогери тоҷик ахиран бо модари кӯдаконе, ки аз ҷониби падари худ кӯфта мешуданд, ҳамсӯҳбат шуд. Модари ин ду дӯстрӯяк мегӯяд, аз пайи харид кардани чипта аст ва агар имкон пайдо кунад, фавран ба Тоҷикистон бармегардад ва кӯдаконашро бозпас мегирад.

"Ман модари фарзандбезор нестам. Ман худ аз падару модарам ятим мондам ва кӯдакони худро бесоябон намемонам", - мегӯяд ӯ.

Модари ин ду тифли бегуноҳ бо овози ларзону гирён қисса намуд, ки дар хонаи шавҳари худ ҳарчанд ғуломвор хизмат мекард, аммо пайваста аз ҷониби ҳамсар ва хушдомани худ озор медид.

"Пас аз он ки ҳамсари ман бо содир намудани ҷинояте пушти панҷара рафт, ман бо маслиҳати хушдоманам ба муҳоҷират рафтам", - гуфт модари кӯдакон.

Ба гуфтаи ӯ, фарзандони худро танҳо ба хотири таъмин кардани онҳо бо хонаи зист тарк кард.

Аммо дар 1 солу чор моҳе, ки аз назди кӯдакони худ дур буд, тамоми маблағи коркардаи худро бо таҳдиди падари фарзандонаш ба ӯ ирсол мекард.

Ба нақли ӯ, ҳамсараш фарзандони кӯчаки худро мавриди латукӯб қарор медод ва ин лаҳзаҳоро навор бардошта ба вай мефиристод.

"Таҳдид мекард, то маблағ фиристам ва кӯдаконам беозор монанд".

Қаблан Диловар Сафаров бо хушдоман ва ду кӯдаки ин модар ҳамсӯҳбат шуда буд ва фарзандони ӯ ба такрор мегуфтанд, ки "додомон хуб аст ва моро намезанад".

Аммо модари кӯдакон бар ин назар аст, ки онҳоро тарсонданд ва аз тарси ҷони кӯчаки худ ҳама чизро рад мекарданд.

"Ман бармегардам ба назди кӯдаконам. Онҳо бо дидани ман қувват мегиранд ва тарс низ аз қалби онҳо дур мешавад. Он замон ҳама чизро ба ман такроран қисса мекунанд".

Номбурда ба тамоми мардуми Тоҷикистон барои бетараф набудани онҳо дар қиболи тақдири ду кӯдакаш изҳори миннатдорӣ намуд ва умед баст, ки дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон бармегарад ва ҳама чизро равшану возеҳ ба мардум мерасонад.

44
Мужчина с ножом в руках, архивное фото

ВКД: Ноболиғи 17-сола ҳамсолашро бо се зарби корд кушт

137
(Таҷдидшуда 14:37 27.05.2020)
Кормандони милитсияи Тоҷикистон ноболиғи 17 соларо дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар қатли як ноболиғи дигар гумонбар дониста мешавад, дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кормандони милитсия ноҳияи Рӯдакӣ сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкурро, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд.

Ба иттилои манбаъ ҳодиса шаби 26-уми майи соли ҷорӣ, шабона тахминан соати 00:17-дақиқа рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, номбурда, дар назди манзили истиқоматиашон бо ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 3 -маротиба ба бадани номбурда зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст”,-афзудааст манбаъ.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем кормандони милитсияи ноҳияи Варзоб ноболиғи 17 соларо дар, ки дар қатли як ноболиғи дигар гумонбар дониста мешуд, дастгир намуданд

137
Барчаспҳо:
қатл, ноболиғ, ВКД, Рӯдакӣ, Тоҷикистон