Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан

Раиси вилояти Хатлон тасмим дорад зарфияти содиротии минтақаро зиёд намояд

94
(Таҷдидшуда 17:45 18.03.2019)
Раиси вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Ожонсии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад зарфияти содиротии вилояти Хатлонро зиёд намояд

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik.  Ҳакимзода Қурбон, раиси вилояти Хатлон бо Бобозода Шавқат, директори Ожонсии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.

Дар мулоқоти мазкур тарафҳо дар атрофи масъалаҳои баланд бардоштани зарфияти содиротии вилояти Хатлон, таъсис додани намояндагии Ожонсии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон дар вилоят, ба низом даровардани муносибатҳои содиротӣ байни истеҳсолкунанда ва содироткунанда табодули назар карданд.

Ҳамчунин, тарафҳо кафолати ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунанда, нақшабандӣ кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии содиротӣ, ташкили марказҳо барои қабули маҳсулот ва ҳалли мушкилоти ҳамлу нақли маҳсулоти содиротӣ ва ташкили бонизоми содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳудуди вилоят баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки нозукиҳои масъала аз ҷониби мутахассисон ба пуррагӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Инчунин, манбаъ таъкид намуд, ки дар ин бора санади дахлдор таҳия ва мавриди амал қарор дода мешавад.

94
Барчаспҳо:
вилояти Хатлон, ҳаҷми содирот, содирот, Хатлон, Тоҷикистон