Рустам Минниханов, раисиҷумҳури Тотористон вориди Душанбе шуд

© Пресс-служба президента ТатарстанаПрезидентом Республики Татарстан Минниханов Рустам прибыл в Республику Таджикистан
Президентом Республики Татарстан Минниханов Рустам прибыл в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз Рустам Минниханов, раисиҷумҳури Тотористон бо сафари ду рӯзаи корӣ ба Душанбе омад

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik.  Рустам Минниханов, раисиҷумҳури Тотористонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва сафири Русия дар Тоҷикистон Игор-Лякин Фролов пешвоз гирифтанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумуҳри Тотористон.

Сафари кории Рустам Минниханов ба Тоҷикистон аз боздиди ду корхона дар шаҳри оғоз меёбад. Аввалин боздиди раисҷумҳури Тотористон ба Душанбе аз боздиди корхонаи автобусбарории “Акиа” оғоз меёбад. Сипас Рустам Минниханов аз корхонаи “Ноқили Талко” боздид хоҳад кард.

Встреча посла Таджикистана в РФ Имомуддина Сатторова с президентом Татарстана Рустамом Миннихановым - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Русия хостори тақвияти ҳамкориҳо бо Тотористон шуд

Қарор аст, дар нимаи дуюми рӯз расиҷумҳури Тотористон Рустам Минниханов бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  мулоқот намояд.

Сипас дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон форуми тиҷоратии “Тотористон –Тоҷикистон” оғоз меёбад, ки дар кори он сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, дар форуми мазкур ба меҳмонон зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Инчунин дар имрӯз дар Китобхонаи миллӣ дидори раисҷумҳури Тотористон бо намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии тоторӣ баргузор хоҳад шуд.

Бино бар иттилои манбаъ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон наздик ба 17 ҳазор тотор зингдагӣ мекунад.

Фардо раисҷумҳури Тотористон аз як қатор иншоотҳои фарҳангӣ иҷтимоии шаҳри Душанбе ва Неругоҳи Норак боздид мекунад.

Дар нимаи дуюми рӯзи 20 март бо даъвати раисҷумҳури Тоҷикистон Рустам Минниханов дар барномаи Наврӯзӣ иштирок хоҳад кард.

Президент Татарстана Рустам Минниханов - Sputnik Тоҷикистон
Сафари президенти Тотористон ба Тоҷикистон дар арафаи Наврӯз - 2019

Манбаъ қайд намудааст, ки гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Тотористон дар соли 2017 се баробар афзоиш ёфта 30 миллион долларро ташкил медод. Аммо дар соли 2018 ин нишондод ба маротиб коҳиш ёфт ва Рустам Минниханов ба масъулин ҳукумати ҷумҳуриаш супориш дода буд, ки гардиши молу маҳсулотро бо Тоҷикистон афзоиш диҳанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ширкатҳои “Камаз” ва “Татнефт” фаъолият доранд. Инчунин ширкатҳои “Таиф”, “Татхимфармпрепараты”, “Позис” ва ғайра низ фаъолияташонро дар ҷумҳурӣ зиёд менамоянд.

Манбаъ хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тотористон 1077 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0